Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 7 дар ноҳияи Рӯдакӣ 21.12.2018 13:27, ноҳияи Рӯдакӣ

Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 7 дар ноҳияи Рӯдакӣ 21.12.2018 13:27, ноҳияи Рӯдакӣ

Омӯзгорону шогирдони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Як сол пеш ҳангоми ифтитоҳи бинои навбунёди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 59 дар деҳаи Гулбуттаи ноҳияи Рӯдакӣ зикр карда будам, ки минбаъд дар маҳалҳои аҳолинишини атрофи деҳаи Гулбутта ва дигар деҳаҳои ноҳия бо сабаби афзоиши босуръати аҳолӣ ва зиёд гардидани шумораи хонандагон норасоии ҷойи нишаст дар мактабҳо ба вуҷуд меояд.

Бинобар ин, ба роҳбарони Вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ супориш дода будам, ки бо истифода аз имкониятҳои дохилӣ, ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ, соҳибкорону шахсони ҳимматбаланд ва аҳолӣ доир ба бунёди муассисаҳои таълимӣ чораҳои иловагӣ андешанд.

Ҳамзамон бо ин, барои бо дастовардҳои арзанда истиқбол намудани ҷашни сисолагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтору мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорон ва шахсони саховатманд ва умуман, аҳли ҷомеаи кишвар вазифадор карда шудаанд, ки амалҳои созандагиву ободкориро вусъат дода, бо ҳамин роҳ мушкилоту масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла камбудиҳои соҳаи маорифро бартараф намоянд.

Боиси қаноатмандист, ки иқдомҳои Ҳукумати мамлакат аз ҷониби хурду бузурги кишвар дастгирии ҳамаҷониба пайдо карда, мардуми ватандӯсти мо тамоми саъю талоши худро ба хотири амалисозии нақшаи чорабиниҳои дар ин самт қабулгардида равона карда, Тоҷикистони азизамонро имрӯз ба арсаи заҳмати созанда табдил додаанд.

Дар ин раванди ба ояндаи неки кишварамон нигаронидашуда мардуми заҳматқарини ноҳияи Рӯдакӣ низ то имрӯз корҳои зиёди созандагиро анҷом додаанд.

Дар қаламрави ноҳия бунёду барқарорсозии 414 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст ва то имрӯз аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорону ҷавонмардони бонангу номуси ноҳия 44 иншооти иҷтимоӣ ва истеҳсолӣ мавриди истифода қарор гирифта, бунёду азнавсозии иншооти дигар тибқи нақша идома дорад.

Дар доираи нақшаи чорабиниҳо аз моҳи майи соли ҷорӣ то кунун 13 деҳаву маҳалҳои зисти ноҳия бо оби нӯшокӣ таъмин гардида, 4 пул дар деҳоти Роҳатӣ, Қиблаӣ ва Султонобод, чандин мактаби нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, синфхонаҳои иловагӣ, толору майдончаҳои варзишӣ, бунгоҳҳои тиббиву марказҳои саломатӣ ва корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз кардаанд.

Солҳои охир мо барои бунёду азнавсозии инфрасохтори соҳаи маориф дар баробари маблағҳои буҷетӣ, инчунин, соҳибкорони ватаниву шахсони саховатпеша ва грантҳои хориҷиро низ ҷалб намуда, мақсад дорем, ки рушди инфрасохтори муосири соҳаро таъмин карда, барои кӯдакону наврасон шароити мусоиди таълиму тарбияро муҳайё созем.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 7 дар деҳаи Оби Шифои ҷамоати Чоргултеппаи ноҳия, ки барои 1280 нафар хонанда пешбинӣ шудааст ва дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатӣ бо харҷи 26 миллион сомонӣ бунёд гардидааст, намунаи заҳмати мардуми ноҳия ва кӯшиши соҳибкорону фарзандони ҳимматбаланди ҳамин диёр мебошад.

Мактаби мазкур ҳанӯз соли 1958 сохта шуда, солҳои 1964 ва 1980 навсозӣ гардидааст ва баъдан дар назди он биноҳои иловагии таълимӣ бунёд шудаанд. Табиист, ки бо гузашти чандин даҳсола синфхонаҳои он куҳнаю фарсуда шуда, шароити таълиму тарбия ба талаботи муосир ҷавобгӯ набуд.

Чунонки имрӯз мебинем, бинои нави муассиса бо 23 синфхона, толори варзиш, маҷлисгоҳ ва умуман тибқи талаботи меъёрҳои замонавӣ бунёд шуда, дар он беҳтарин шароиту имкониятҳои муосири таҳсил муҳайё карда шудаанд.

Бо истифода аз фурсат, ба соҳибкори саховатпешаи ҳамин ноҳия – Машрабов Нуршед ва ҳамаи шахсони эҳсонкоре, ки барои ободии ноҳия ва деҳоти он саҳм мегузоранд, миннатдорӣ баён менамоям.

Ҳамчунин, ба меъморону сохтмончиён ва ҳамаи онҳое, ки дар бунёди ин макони нави донишу маърифат саҳм гузоштаанд, миннатдорӣ изҳор намуда, ба фаъолият оғоз кардани онро ба омӯзгорону хонандагон ва сокинони деҳа табрик мегӯям.

Итминон дорам, ки бо заҳмати аҳлонаи соҳибкорон, шахсони саховатпеша ва аҳолӣ нақшаҳои қабулшудаи ободонӣ дар се соли оянда амалӣ гардида, аксари мушкилоти иҷтимоии сокинони ноҳия ва деҳоти он бартараф хоҳад шуд.

Дар муассисаи мазкур 50 нафар омӯзгорон ба таълиму тарбияи шогирдон машғуланд, ки 35 нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд. Ин бисёр хуб аст, зеро занону модарон бо муҳаббате, ки хоси онҳо мебошад, метавонанд хонандагонро ба роҳи дурусти зиндагӣ, омӯхтани илму дониш, забони модарӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ ҳидоят намоянд.

Бовар дорам, ки солҳои наздик шумораи омӯзгорон аз ҳисоби занону духтарони соҳибмаърифату донишманд ва содиқ ба касби худ дар муассисаҳои таълимии кишвар, аз ҷумла дар мактабҳои ноҳияи Рӯдакӣ боз ҳам зиёд мегардад.

Ҳозирини гиромӣ!

Бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда мо барои муҳайё кардани шароити таълиму тарбияи наврасону ҷавонон ва ба талаботи замони пешрафта мутобиқ гардонидани инфрасохтори муассисаҳои таълимӣ ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодаем.

Зеро ташкили шароити мусоид барои таълиму тарбияи фарзандон, ба роҳ мондани роҳу усулҳои нави таълиму тадрис, омӯзиши илму дониш ва ба камол расонидани кадрҳои соҳибмаърифату баландихтисос заминаи боэътимод барои пешрафти ояндаи давлат мебошад.

Дар натиҷа, солҳои охир сатҳу сифати донишомӯзии наврасону ҷавонон торафт беҳтар шуда, аз байни онҳо истеъдодҳои замони нав ба воя расида истодаанд.

Кормандони соҳаи маориф вазифадоранд, ки бо ҷалби фаъолонаи падару модарон аз шароиту имкониятҳои фароҳамовардаи Ҳукумати мамлакат самаранок истифода карда, барои дарёфти роҳу усулҳои пешқадами таълиму тарбия, ҷалби хонандагон ба омӯхтани илму дониш, забономӯзӣ, аз худ кардани касбу ҳунарҳои замонавӣ ва ба воя расонидани насли воқеан босаводу соҳибмаърифат ва ватандӯсту худшинос ҳамеша кӯшиш намоянд.

Тибқи таҳлилҳо дар фаъолияти муассисаҳои таълимии ноҳия баъзе камбудиву масъалаҳое ба назар мерасанд, ки ислоҳи онҳо, пеш аз ҳама, вазифаи роҳбарон ва аҳли маориф мебошад.

Масалан, соли 2017- ум ҳамагӣ 10 нафар ва соли ҷорӣ аз 65 нафар хатмкардагони муассисаи рақами 7 –и ноҳияи Рӯдакӣ танҳо 20 нафар тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мактабҳои олӣ дохил шудаанд, ки ин хеле кам аст.

Ҳоло дар ноҳия 12 муассисаи томактабӣ ва дар назди 12 муассисаи таълимӣ марказҳои инкишофи кӯдак фаъолият мекунанд, ки тибқи маълумот дар онҳо низ норасоиҳои зиёд, аз ҷумла нарасидани ашёи зарурии таълим ба мушоҳида мерасад.

Мувофиқи барномаи тасдиқкардаи Ҳукумати мамлакат то соли 2020 дар ноҳияи Рӯдакӣ бунёди боз 30 муассисаи томактабӣ ба нақша гирифта шудааст, ки масъулон бояд дар ҷараёни амалисозии нақшаи зикршуда ва бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда чораҳои заруриро амалӣ намоянд.

Масъалаи дигаре, ки то ҳанӯз пурра ҳаллу фасл нашудааст, норасоии омӯзгорони соҳибкасб мебошад. Ман дар ҳамаи суханрониву мулоқотҳоям таъкид менамоям, ки хонандагон бояд аз технологияҳои муосир самаранок истифода карда, дар ин замина сатҳи дониши худро баланд бардоранд.

Вале дар ноҳияи Рӯдакӣ аз 153 нафар омӯзгорони фанни технологияҳои иттилоотӣ ҳамагӣ 79 нафар дорои таҳсилоти олӣ, 36 нафар дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 38 нафар омӯзгорони ғайриихтисос мебошанд, ки боиси нигаронӣ мебошад.

Ҳол он, ки маблағгузории соҳаи маорифи ноҳия сол аз сол зиёд гардида, соли ҷорӣ зиёда аз 118 миллион сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2017 — ум 19 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Вобаста ба ин, Вазорати маориф ва илм ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакиро зарур аст, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта чораҳои саривақтӣ амалӣ намояд.

Итминони комил дорам, ки сокинони сарбаланди ноҳияи Рӯдакӣ то ҷашни сисолагии истиқлолияти давлатӣ бунёди иншооти ба нақша гирифташударо бо сифати баланд ба анҷом мерасонанд ва бо ҳамин роҳ диёри худро боз ҳам ободу зебо мегардонанд.

Барои иқдому ташаббусҳое, ки имрӯзҳо дар ноҳияи Рӯдакӣ аз ҷониби фарзандони бонангу номуси он ва аҳолӣ амалӣ шуда истодаанд, бори дигар изҳори сипос менамоям ва бовар дорам, ки сокинони ватандӯсти деҳа минбаъд низ дар ин ҷода заҳмату талоши боз ҳам бештар ба харҷ медиҳанд.

Дар ин ҷода ба ҳамаи шумо, ҳозирини гиромӣ ва ҳар як сокини ноҳия барору комёбӣ ва ба шогирдони мактаби навбунёд тандурустиву таҳсили хубу аъло орзу менамоям.

Ҳамеша тансиҳату сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!