“Сирояти коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: эпидемиология, ташхис ва имконоти муосири табобат”: Таҳти чунин унвон дар Душанбе конференсияи илмию амалӣ доир гардид

“Сирояти коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: эпидемиология, ташхис ва имконоти муосири табобат”: Таҳти чунин унвон дар Душанбе конференсияи илмию амалӣ доир гардид

Имрӯз, 19 декабри соли равон дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” конференсияи илмию амалӣ дар мавзӯи “Сирояти коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: эпидемиология, ташхис ва имконоти муосири табобат” доир гардид, ки дар он муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, Шодихон Ҷамшед, Зулфия Абдусаматзода, сироятшиносон, олимону коршиносони соҳа, роҳбарони муассисаҳои тандурустии пойтахт ва як қатор шаҳру ноҳияҳои кишвар иштирок намуданд.

Конфронси мазкурро вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба тариқи онлайн ифтитоҳ намуда, баромади хешро бо сухани Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 18 августи соли равон зимни вохурӣ бо кормандони соҳаи тандурустии кишвар иброз намуданд, оғоз намуд: Соли равон барои тамоми кормандони соҳаи тиб, аз ҷумла табибон ва ҳамшираҳои шавқат соли санҷиши донишу маҳорати касбӣ, давраи вазнини мубориза бар зидди зукоми хавфнок-бемории сироятии коронавирус, ҷасорату матонат ва ҳатто ҷоннисорӣ барои наҷоти беморон, яъне ҳамватанон ва давраи баланд бардоштани мақому мавқеи табибон дар ҷомеа ба шумор меравад”.

Номбурда дар идомаи суханронии хеш аз дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи тандурустӣ, махсусан дар давраи пандемия эълон гардидани COVID-19 ёдовар шуда, иброз дошт, ки маҳз бо пуштибонии амиқи Сарвари давлат дар чунин як давраи мушкил кормандони соҳаи тандурустии кишвар тавонистанд бар муқобили чунин як сироят мубориза баранд.

Зикр гардид, ки бо Амри Прездиенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2020, №1365 дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат бо ҷалби вазорату идораҳои дахлдор таъсис дода шуд.

Тибқи нақша дар ин ситод масъалаҳои ҳалталаби зарурӣ вобаста ба пешгирӣ ва паҳншавии бемории коронавируси нави COVID-19, ки хусусияти байнисоҳавӣ доранд, баррасӣ гардида, баҳри беҳтар гардидани вазъи эпидемиологии ҷумҳурӣ чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Ҳамзамон, чунин ситодҳо дар тамоми вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ фаъолона гузаронида мешаванд.

Қайд гардид, ки то ин давра аз ҷониби сармутахассисони соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо олимону мутахассисони варзида 4-умин таҳрири протоколҳои клиникӣ оид ба ташхис, табобат ва пешгирии сирояти коронавируси нави COVID-19 таҳия гардида, дар тамоми муассисаҳои табобатию профилактикӣ дар байни зиёда аз 12 ҳазор нафар табибон ва кормандони миёнаи тиб омӯзишҳои назариявию амалӣ гузаронида шуданд.

Дар ин муддат бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои қабул ва табобати беморон ҷойҳои иловагӣ таъсис дода шуда, бо маводи доруворӣ ва безараргардонӣ ва худмуҳофизатӣ, техникаву таҷҳизотҳои тиббӣ таъмин карда шуданд. Махсусан, танҳо дар шаҳри Душанбе зиёда аз 5000 ҷойи иловагӣ омода карда шуд.

Бо мақсади табодули таҷриба дар самти ташхис ва табобати бемории коронавирус мутахассисони варзида аз кишварҳои хориҷ ба Тоҷикистон ташриф оварданд.

Қайд гардид, ки айни ҳол бо туфайли дастгирӣ ва татбиқи супоришҳои саривақтии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи сироятёбӣ бо коронавируси нав дар ҷумҳурӣ нисбат ба кишварҳои олам аз ҷониби мутахассисони хориҷӣ ва ватанӣ мусоид, идорашаванда ва бо субот арзёбӣ карда мешавад.

Маводи конфронси мазкур, ки ба масъалаҳои пешгирӣ, ташхис ва табобати бемории коронавируси нави COVID-19 бахшида шудааст, аз 240 фишурдаҳои илмии мутахассисони ватанӣ иборат мебошад, ки дар онҳо таҷрибаи табибони тоҷик дар самти мубориза бар муқобили бемории мазкур дарҷ гардидааст.

Дар идомаи конфронс як қатор мутахассисони тибби кишвар доир ба пешгирӣ, ташхис, ва табобати бемории COVID-19 маърӯзаҳо намуданд.

Дар маҷмӯъ, баргузории конфронси мазкур дар самти пурзӯр намудани фаъолияти табибони кишвар дар самти ташхис ва табобати бемории коронавируси нави COVID-19 такони ҷидде хоҳад бахшид.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади шиносоӣ пайдо намудан бо ҷараёни корҳои сохтмонии иншоотҳои ҷашнӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Ҷамолиддин Абдуллозода дар вилояти Суғд қарор дорад.