ШИНОСОИИ МУТАХАССИСОНИ ТИББИ ПОЛША БО ФАЪОЛИЯТИ МАҶМААИ ТАНДУРУСТИИ “ИСТИҚЛОЛ”

ШИНОСОИИ МУТАХАССИСОНИ ТИББИ ПОЛША БО ФАЪОЛИЯТИ МАҶМААИ ТАНДУРУСТИИ “ИСТИҚЛОЛ”

Санаи 12-уми июни соли равон мутахассисони соҳаи тибби кишвари Полша аз рафти хизматрасониҳои Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” дидан намуданд.

Дар рафти вохурӣ меҳмонон дар аввал аз рафти фаъолияти  қисми ҷарроҳи  соматикаи кӯдакона ва сипас аз қисми бистаринамои калонсолони  Маҷмаа шинос шуданд.  Ба рафти хизматрасонӣ ва дастгоҳҳои насбшуда баҳои баланд доданд.    Дар мулоқот мутахассисони  ҷонибҳо оид ба  масъалаҳои пешгирӣ ва табобати беморони коронавируси нави КОВИД-19-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Маврид ба зикр аст, ки ҳадаф ва мақсади ташрифи табибони  кишвари Полша Ба Тоҷикистон табодули таҷрибаи онҳо бо ҳамтоёни тоҷики хеш ҷиҳати пешгирӣ ва табобати бемории КОВИД-19 мебошад.

Бо мақсади пешгирӣ ва табобати гирифторони бемории  коронавирус  КОВИД-19 аз ҷониби кишвари Полша ба Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” маводҳои тиббӣ дастрас шуд.