Шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои муҳими Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 08.01.2019 09:00 шаҳри Душанбе

Шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои муҳими Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 08.01.2019 09:00 шаҳри Душанбе

Имрӯз дар  Муассисаи давлатии маҷмааи тандурустии «Истиқлол»  мулоқоти корӣ доир гардид, ки дар он паҳлуҳои гуногуни Паёми солонаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат мавриди омӯзиш қарор гирифт.

Мулоқот таҳти раёсати муовини Раиси шаҳри Душанбе М. Муинӣ сурат гирифта, дар кори он Сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе   ва роҳбарони муассисаҳои тандурустии зертобеи Раёсат иштирок доштанд.  Муовини Раиси шаҳри Душанбе М. Муинӣ  зимни суҳбат бо ҷамъомадагон чунин иброз намуд:

-Тавре шумо огаҳӣ доред, 26 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ҳафтуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум баргузор гардид, ки дар он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба парлумони кишвар Паёми навбатии худро, ки фарогири самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Тоҷикистон мебошад, ироа намуданд. Дар Паёми имсола Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешрафти манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини рушди соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзу ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд. Зимни суханрониашон Сарвари давлат таъкид доштанд, ки соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳиму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд.

Инчунин дар Паём қайд гардид, ки дастгирӣ ёфтани ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи об аз ҷониби СММ, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати аввали неругоҳи “Роғун” ва беҳбудии назарраси муносибатҳо бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон се дастоварди бузург дар соли 2018 ба ҳисоб мераванд.

Бо мақсади ба як кишвари индустриалӣ мубаддал кардани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дарназардошти афзоиши ҳиссаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва бо назардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ пешниҳод гардид, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шуд.

Ҳамзамон зимни ироаи Паём Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021-ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карданд.

Қайд шуд, ки  “Дар ҳақиқат, Паёми навбатӣ тамоми дастоварду комёбиҳои соли 2018-ро дар бар гирифта, ҳамзамон дар он роҳҳои ҳаллу фасли мушкилоти ҷойдошта ба таври амиқ дарҷ гардидаанд”. “Паём ин барномаи амал аст, агарчӣ дар он баъзе натиҷагириҳо нишон дода мешаванд, лекин мақсади асосии Паём муайян кардани роҳи рушди минбаъдаи ҷомеа барои солҳои оянда аст.”

“Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди таърихи навини Тоҷикистон, пояи сулҳу амнияти миллӣ, гиромидошти анъанаву суннатҳои хоси тоҷикон беназир буда, таваҷҷуҳи бевоситаи Сарвари мамлакат ба ҳар як самти сиёсати давлатӣ, рушду такомули ҳаёти мардум, пешбурди илму маърифат ва танзими муносибат дар ҷомеа аз ғамхориву меҳрубонии Пешвои муаззами Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.”

Ҳамзамон, Сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Шарифзода Х.С.   аз мушкилоту камбудиҳои ҷойдоштаи соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ва таъкиди онҳо аз ҷониби Пешвои муаззами миллат ёдовар шуда, барои ҳаллу ислоҳи онҳо пешниҳоду андешаҳои худро иброз намуданд.