ШАҲРДОРИ ДУШАНБЕ БА ТАБИБОН ҶОИЗАҲО ТАЪЙИН КАРД. 18.04.2019

ШАҲРДОРИ ДУШАНБЕ БА ТАБИБОН ҶОИЗАҲО ТАЪЙИН КАРД. 18.04.2019

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 18 апрели соли ҷорӣ баҳри муайян намудани беҳтарин «Беморхонаи сол», «Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии сол», «Табиби сол», «Табиби оилавии сол», «Корманди миёнаи тибби сол»-и пойтахт қарор қабул намуд.

Дар ин бора сомонаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, мақсад аз баргузор намудани озмунҳо дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии моддӣ – маънавии кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Душанбе ва дар доираи Нақшаи чорабиниҳои амалигардонии самтҳои асосии фаъолияти Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе доир ба ҳифзи солимии аҳолии пойтахт барои соли 2019 мебошад.

Дар асоси ин қарор Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе вазифадор гардидааст, ки аз ҳисоби сарфаи маблағҳои соҳаи тандурустӣ 34 000 (сиву чор ҳазор) сомонӣ ба муҳосиботи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе барои сарфароз гардонидани ғолибони озмунҳо ҷудо намояд.

Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда мешавад.