РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ: ТАЪСИСИ БЕМОРХОНАҲОИ МУВАҚҚАТӢ БО БЕШ АЗ 3000(СЕ ҲАЗОР) КАТИ ХОБ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ: ТАЪСИСИ БЕМОРХОНАҲОИ МУВАҚҚАТӢ БО БЕШ АЗ 3000(СЕ ҲАЗОР) КАТИ ХОБ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки имрӯз дар ҳудуди шаҳри Душанбе зиёда аз 30 беморхона бо 5284(панҷ ҳазору дусаду ҳаштоду чор) кати хоб ва беш аз 5390 (панҷ ҳазору сесаду навад) нафар табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ ба эҳтиёҷмандон хизмат мерасонанд.

Бо назардошти вазъияти баамаломада Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Раёсати тандурустӣ ва дигар сохторҳои марбутаи шаҳрдориро вазифадор намуданд, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат аз ҳисоби имконияту захираҳои мавҷуда дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба таври иловагӣ беморхонаҳои муваққатии табобатиро бо беш аз 3000 (се ҳазор) кати хоб ҷиҳати муолиҷаи беморони гирифтори вируси сироятии короновирус-COVID-19 бо муҳайё кардани тамоми шароити муосири замонавӣ, бахусус мутахассисони баландихтисоси соҳибтаҷриба, таҷҳизоти тиббӣ ва таъминоти дорувории баландсифат барои истифода омода намоянд.

Назорати иҷрои дастури мазкурро Раиси шаҳр шахсан ба зиммаи худ гирифта, аз рафти корҳо дидан мекунанд.