Роҳбарони муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе дар толори калони МД МТ “Истиқлол” бо ҳам омаданд. 17.04.2019 13:00 шаҳри Душанбе

Роҳбарони муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе дар толори калони МД МТ “Истиқлол” бо ҳам омаданд. 17.04.2019 13:00 шаҳри Душанбе

Имрӯз, 17-уми апрел дар Муассисаи давлатии маҷмааи тандурустии «Истиқлол» мулоқоти корӣ доир гардид.
Мулоқот таҳти раёсати муовини Раиси шаҳри Душанбе М. Муинӣ сурат гирифта, дар кори он муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умарзода Саида Ғайрат ва роҳбарони муассисаҳои тандурустии зертобеи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе иштирок доштанд. Муовини Раиси шаҳри Душанбе М. Муинӣ зимни суҳбат бо ҷамъомадагон иброз доштанд, ки тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе дар пойтахт шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба масоили тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъсис дода шудааст, ки доир ба дастовардҳои соҳа, бартараф кардани нуқсону камбудӣ, пешниҳоди хизматрасонии босифат ба аҳолӣ аз ҷониби мутахассисон ва фаъолияти пурсамари муассисаҳои тиббии шаҳр ҷаласаву мулоқотҳо доир менамояд.
Гуфта шуд, ки давоми се соли оянда дар доираи тадбирҳои созандаи роҳбарияти шаҳри Душанбе ва ба истиқболи 30 юмин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахт бунёди 22 муассисаи нави тандурустӣ ба нақша гирифта шудааст, ки дар беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба сокинон саҳми назаррас хоҳад гузошт.
Иштирокчиёни мулоқот ҳамчунин доир ба масъалаҳои вобаста ба одоби шаҳрнишинӣ ва риояи талаботи маромномаи сокини пойтахт, пешгирии зуҳуроти номатлуб ва ҷинояту ҷинояткорӣ миёни наврасону ҷавонон, арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ ва пешгирии таъсири фарҳангӣ бегона, таблиғи тарзи ҳаёти солим миёни аҳолӣ ва пешгирии гароиш ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, инчунин тақвияти корҳои ободониву созандагӣ ва таъмини ҳолати хуби экологӣ ибрози назар намуданд.