Роҳбарият ва кормандони Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн гирифтанд.

Роҳбарият ва кормандони Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн гирифтанд.

Бахшида ба санаи муҳими таърихӣ-Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола дар кишвар 24 ноябр бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад, дар муассисаҳои тандурустии кишвар чорабинҳои идона доир карда мешаванд.

23 ноябри соли равон  бо баргузор намудани як ҳамоиши идона роҳбарият ва кормандони Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд.

Чорабиниро директори муассисаи мазкур Рустам Хуршедзода ифтитоҳ намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки муҳимияти таҷлили Рӯзи Парчами  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст, ки ҳамаи мо шаҳрвандони ин кишвар бояд ба қадри ин муқаддасоти миллӣ бирасем ва онҳоро пос дорем.

Зикр гардид, ки бо мақсади баланд бардоштани эҳсоси ватандорӣ ва ифтихор аз давлату миллати хеш имрӯзҳо дар  маркази шаҳру ноҳияҳои кишвар Парчами давлатӣ қомат  афрохтааст, ки он нишон аз давлати ободу озод ва соҳибистиқлолии  Тоҷикистон ба шумор меравад.