Раиси Ҳукумати иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдулло Абдулло бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард Июнь 19, 2018 23:30

Раиси Ҳукумати иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдулло Абдулло бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард Июнь 19, 2018 23:30

Раиси Ҳукумати иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор  Абдулло Абдулло бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олимақомро аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол намуданд.

Дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Раиси Ҳукумати иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдулло Абдулло бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст.

Инчунин мулоқоти доктор Абдулло Абдулло бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода доир мегардад, ки аз рӯи он имзои санадҳои ҳамкорӣ ба нақша гирифта шудааст.

Раиси Ҳукумати иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдулло Абдулло ҳамчунин дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, ки 20 июн дар шаҳри Душанбе ба кори худ оғоз мебахшад, иштирок менамояд.