Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!

Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!

Забони тоҷикӣ асоси ҳувияту худшиносии миллии мо ба шумор рафта, барои ҳар фарди тоҷик азизу муътабар мебошад, зеро танҳо ба василаи забони миллӣ метавон ҳофизаи таърихиву фарҳангиро пос дошта, пайванди хешро бо адабиёту фарҳанг ва илму дониши дар тӯли ҳазорсолаҳо офаридаи халқамон эҳсос намуд.
Иброз гардид дар ҷаласаи пуршукуҳе, ки имрӯз дар Муассисаи давлатии «Маҷмааи тандурустии Истиқлол» бахшида ба «Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Таъкид карда шуд мо ки забони модарии худро ҳамчун рузи забони давлатӣ ҷашн мегирем, ба таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “мо бояд ба фарҳанги суханварӣ ва тарзи баёни хоси ин забони ширин пайваста диққат диҳем, забони равону шевои тоҷикиро аз ҳар гуна олоишҳои бегонаву нозарур эмин нигоҳ дорем”.
Вобаста ба ин, махсусан, насли наврас ва ҷавононро зарур аст, ки аз ин неъмати бебаҳои маънавӣ ҳарчи бештар истифода карда, барои дурусту бехато навиштан ва бо забони давлатӣ муошират кардан кӯшиш намоянд.
Дар дунё бисёр давлатҳое мавҷуданд, ки орзуи давлатигардонии забони хешро доранд, аммо ин ба осонӣ ба даст намеояд. Бинобар ин бояд мояи ифтихори мо тоҷикон бошад, ки имруз забони модарии мо забони давлатӣ гашта, аз минбарҳои баландтарини ҷаҳон аз тарафи Пешвои миллати мо садо медиҳад.