Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Маҷмааи тандурустии Истиқлол» бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ботантана баргузор гардид.
Баъд аз садо додани суруди миллӣ муовини якуми директори Маҷмаа Сафарзода Имрон ҷаласаро кушода эълон намуда, меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ намуд.
Дар ҷаласа Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Шоҳиён А. ва Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ Муродзода Ҷ. иштирок намуданд.
Сипас Акбаров С. табрикоти директори Муассисаи давлатии «Маҷмааи тандурустии Истиқлол» номзади илми тиб, дотсент Рутамзода Хуршедро ба бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуд.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Шоҳиён А. муфассал оиди хизматҳои Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар суханронӣ намуда, аз дастовардҳои миллат дар партави сиёсати пешгирифтаи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мардумӣ ёдоварӣ намуд.
16-уми ноябри соли 1994 Президенти интихобнамудаи халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд намуда ба фаъолияти корӣ шуруъ намуданд.
Баъдан, дар даврони Истиқлолияти давлатӣ кишвари мо таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, таҳкими ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ, рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ба дастоварду комёбиҳои назаррас ноил гардида, дар шароити такомули муносибатҳои нави байналмилалӣ пайваста эътиборашро афзуд ва тавассути сиёсати хориҷии “бисёрқутба” ва “дарҳои боз” инчунин пешниҳодҳои созандаи Пешвои миллат оид ба ҳалли масъалаҳои муҳими байналмилалӣ ва минтақавӣ мақоми шоистаро ба даст овард. Аз ин рӯ, тамоми дастовардҳо ва муваффақиятҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол дар сиёсати дохилӣ ва хороиҷии кишвар рӯи кор омада, ба фаъолияти пурсамар ва созандаю бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагии ногусастанӣ дорад.
Маҳз бо дарназадошти чунин заҳматҳо ва талошҳои бесобиқа боис гардидааст, ки мардуми Тоҷикистон ва парлумони кишвар 16 ноябрро ҳамчун “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷашн бигиранд.
Имрӯзҳо коршиносон ва муҳаққиқони ватанӣ, сиёсатмадорони сатҳи байналмилалӣ дар бораи рушду пешравӣ ва дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ таҳлилҳои амиқ ва ҳамаҷониба гузаронида, баҳои баланд ва мусбат додаанд.
Вобаста ба ин, ба маврид мешуморем, ки дар бораи яке аз ташаббусҳои тақдирсоз ва муваффақи Пешвои Миллат, оид ба ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди хотима додан ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, баргардондани гурезаҳо ба Ватан, истиқрори сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон таҳлил ва андешаҳои хешро баён намоем.
Ба ҳамагон маълум аст, ки дар моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи XVI-уми таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки он, Ҳукумати конститутсионии Тоҷикистонро барқарор ва фарзанди фарзонаи халқи тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси Раиси Шӯрои Оли Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуд. Бо ин васила дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии кишвар давраи нави рушд ва инкишоф оғоз гардид.
Пас аз талошҳои ҷонфидоёна, сафарҳои пурхатар ва гуфтугӯҳои созанда бо гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ ба ин абармарди сиёсат, шуҷоъ ва хирадманд муяссар шуд, ки ба ивази гарави ҷони худ ваҳдату сулҳро дар кишвар барқарор намояд.
Аз ин ҷост, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ин сарвари худро аз ҷон бештар дӯст дӯст дошт, ба ӯ бовар намуд ва ояндаи кишварро ба он кас супурд ва дар ин кор хато накард.
Имрӯз кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ соҳиби обрӯи бесобиқа гашта, таҷрибаи сулҳи тоҷикон сарлавҳаи дастуру китобҳои сиёсатшиносӣ гаштааст. Рушди кишвар, ободиву тинҷӣ ва сатҳи зиндагии мардуми мо хеле боло рафта, Тоҷикистон аз кишварҳои амнтарини дунё ҳисобида мешавад ва Душанбе ба пойтахти чорабиниҳои байналмилалӣ табдил ёфтааст.
Бо руҳияи баланд ва ифтихори миллӣ ин ҷашни барои мардуми кишвар пурарзишро ба ҳамагон муборак мегуем!




