«Рӯзи байналмилалии саломатӣ» 06.04.2019 08:00 шаҳри Душанбе

«Рӯзи байналмилалии саломатӣ» 06.04.2019 08:00 шаҳри Душанбе

Шурӯъ аз  соли  1950 дар саросари ҷаҳон 7 апрел ҳамчун  «Рӯзи байналмилалии саломатӣ» ҷашн гирифта мешавад.

Бахшида ба «Рӯзи байналмилалии саломатӣ» санаи 06.04.2019 аз ҷониби табибони баланпояи Муассисаи давлатии маҷмааи тандурустии “Истиқлол” шаҳрвандон ба машварат ва ташхиси ройгон фаро гирифта шуданд. Зимни баргузории чорабинӣ аз ҷониби мутахассисони соҳаи тиб дар самти пешгирӣ намудани бемориҳо, маърӯзаҳо карда шуд. Гуфта шуд, ки оби тоза яке аз сарчашмаҳои ҳаёти солим ба ҳисоб меравад, зеро ҳангоми нарасидани об, хун ғафс  гардида дар натиҷа организм бо оксиген ва моддаҳои ғизоӣ ба таври қонеъкунанда таъмин намегардад, ки ин сабаби иллатёбии кори гурҳо, нуқсонёбии фаъолияти майнаи сар шуда метавонад. Ҳмчунин, ноҷушонида истифода бурдани об, ки он ҷавобгӯи стандартҳои санитари нест, бешубҳа сабаби иллатнокшавии организм ва мубталошавӣ ба бемориҳои сироятӣ мегардад.  Дар дунё неъматҳое ҳастанд, ки бебаҳо мебошанд. Аз ҷумла, тандурустӣ, ки комил будани он бидуни саломатӣ имконнопазир аст. Бо мақсади пешгири намудани бемориҳо, Ҳукумати мамлакат ва Вазорати тандурустӣ пайваста тадбирҳои амалиро меандешанд.