Табобати дурусти тифлакон

Шабонов Раҳмат Зайдуллоевич 05.05 соли 1964 дар шаҳри Ҳисор дар оилаи  коргар   таваллуд шудааст.

Табиби атвол, собиқаи кории табибии 30 сола дошта, омузгори ДДТ ба номи Абуалӣ ибни Сино мебошад. Табиби дараҷаи олӣ, “Аълочии тандурустӣ”, зиёда аз 30 мақола ва 5 китоби таълимиро   руи нашр овардааст.

Номбурда дар  қисми соматикаи кӯдаконаи Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”   дар самти табобати бемориҳои гурдаи кӯдакона, системаи ҳозимаи кӯдакон, кӯдакони камвазн, табобати кӯдакони навзод, системаи асаби кӯдакон ва гузаронидани табобатҳои таъҷилии кӯдакон фаъолият менамояд.

Шабонов Раҳмат Зайдуллоевич дар давоми фаъолияти кориаш барои табобати бемориҳои гурда усулҳои муосири табобатӣ, ки дар таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон истифода мешаванд  истифода мебарад. Ин таҷрибаҳоро баъди гузаштани такмили ихтиос дар давлатҳои хориҷи кишвар аз худ кардааст ва  дар ин самт таҷрибаи калон доранд.

Бо рушд ёфтани соҳаи тиб, аз ҷумла дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” ин намуд бемориҳо бо воситаи дастгоҳҳои замонавии соҳаи тиб, пурра табобат карда мешаванд.

Фарзандони шахсоне, ки  аз ин гуна бемориҳо ранҷ мекашанд метавонанд ба Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”  омада, аз тавсияи мутахассисони пуртаҷрибаи  ин боргоҳи шиффо  маслиҳатҳои муфид гиранд.