Табобати дурусти тифлакони модарзод устухонҳояшон каҷшуда.

Табобати дурусти тифлакони модарзод устухонҳояшон каҷшуда.

Дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” шуъбаи шикастабандӣ ва ортопедӣ амал менамояд, ки ба кӯдакони модарзод устухонҳояшон каҷшуда хизмат мерасонад. Ба гуфтаи Баҳриддин Самиев, мудири ин шуъба, шумораи зиёди кудакони дар кишвар таваллудшуда, ба бемории каҷшавии устухонҳои бадан гирифторанд. Сабаби ба ин беморӣ гирифтор гардидани тифлаконро ин мутахасис дар оризаҳои вақти таваллуд ва баъди он, дар сахт печондан бо матоъҳо ва гаҳвора медонад. Бо рушд ёфтани соҳаи тиб, аз ҷумла дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” ин намуд беморон бо востиаи дастгоҳҳои замонавии соҳаи тиб, пурра табобат карда мешаванд. Касоне, ки фарзандони дорои аломатҳои қадҷшавии устухонҳоро доранд, озодона ва бидуни маҳдудият метавонанд ба Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” омада, аз тавсияи мутахассисони пуртаҷрибаи шуъбаи шикастабандӣ ва ортопедии ин муассисаи бузургтарин ва муосиртарини мамлакат, баҳравард шаванд.