Президент сифатҳои табиби ҳақиқиро зикр кард

Президент сифатҳои табиби ҳақиқиро зикр кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чунин мешуморад, ки табиби воқеӣ бояд сифатҳои ҳалимиву хоксорӣ ва одоби хуби муоширатро дастури доимии фаъолияти худ дониста, ба ин шуғли басо пурмасъулият ҷиддӣ ва бо дасти поку дилу нияти нек муносибат намояд.

«Вобаста ба ин, бори дигар таъкид месозам, ки табиб ҳаргиз ҳуқуқи хато карданро надорад», — гуфт президент зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи маҷмааи тандурустии Истиқлол.

Ӯ қайд кард, ки солҳои охир майлу рағбати ҷавонони кишвар ба шуғли табибӣ зиёд гардида, тибқи таҳлилҳо шумораи бештари довталабон ба Донишгоҳи тиббӣ таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.

«Аз ин лиҳоз, дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Паёми имсола мо дар вилояти Хатлон боз як муассисаи нави таҳсилоти олии тиббӣ таъсис додем, ки тибқи нақша худи ҳамин сол ба фаъолият шурӯъ намуда, имконияти қабули 350 нафар донишҷӯро дорад, = иброз дошт сарвари давлат.

Ҳамчунин ба гуфтаи президент, «гайр аз ин, тибқи супориши мо Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон соли ҷорӣ илова ба нақшаи худ боз 400 нафар довталабонро қабул мекунад ва мо доир ба рушди инфрасохтори донишгоҳ, аз ҷумла ба охир расонидани сохтмони бинои нави таълимӣ, хобгоҳ ва дигар биноҳои ёрирасони он чораҷӯӣ карда истодаем».

Бо муроҷиат ба сохторҳои дахлдор ва падару модарон Эмомалӣ Раҳмон зарурати ба донишу малака ва завқи ҷавонон аҳаммияти ҷиддӣ додан ҳангоми интихоби касби табибиро таъкид дошт. «Зеро табиб шахсе мебошад, ки бо одам, яъне давомдиҳандаи насли инсон сарукор дорад ва аз ин хотир бояд соҳибихтисосу босавод ва соҳибмаърифат бошад», — қайд кард сарвари давлат.

Ёдрас мекунем, ки қаблан муовини вазири тандурустии Тоҷикистон Саида Ҷобирова дар мақолаи интишоршудааш дар «Азия-Плюс» дар посух ба маводи сершумориинтиқодии чопшуда дар бораи мушкилоти бахши тиб изҳор намуда буд, ки табибони тоҷике, ки гимни кишвари худро намедонанд, ба ташхиси дуруст гузоштан ба бемор қодир нестанд.

«… Дар робита ба он, ки дар баробари саволҳои касбӣ баъзан саволҳо доир ба маълумоти умумӣ дода мешаванд, ин ҷо чӣ бадӣ хаст? Табибе, ки гимни кишвар ё муқаддасоти худро намедонад, осори М.Турсунзодаро нахонадааст, ҷиддан фикр мекунад, ки китоби «Тоҷикон»-ро С.Айнӣ навиштаасту Спитамен орден аст, магар мутахассиси хуб шуда метавонад, оё суханҳои тасаллову дилбардорӣ барои беморро медонад, оё дар бораи дармон фикрронӣ кардаву ташхиси дуруст гузошта метавонад. Фикр мекунам, ки не. Зеро сатҳи касбии табиб ба саводнокӣ, сатҳи ҷаҳонбинӣ, фарҳанг ва нерӯи рӯҳии ӯ вобаста аст. Чунин нерӯ дар шахсе, ки китоби дарсиро танҳо дар мактабу адабиёти касбиро баъзан дар фосилаи танаффусҳои навбатдорӣ, қабули беморон ва ба сомон овардани рӯзгори худ мутолиа кардааст, буда наметавонад», — зикр карда буд Ҷобирова.