Имруз дар Муассисаи давлатии «Маҷмааи тандурустии Истиқлол» ҷаласаи бошукуҳ бахшида ба Рузи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Баъди садо додани гимни Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми Муассисаи давлатии «Маҷмааи тандурустии Истиқлол» Сафарзода Имрон ҷаласаро кушода эълон намуда, ба ҳамагон ин ҷашни пурифтихорро аз номи директори Маҷмаа Рустамзода Хуршед таҳният гуфт.
Дар ҷаласа мудири шуъбаи таблиғоти Кумитаи иҷроия Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ Шамсзода Сайдалӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
Сухани табрикии директори Муассисаи давлатии «Маҷмааи тандурустии Истиқлол» номзади илми тиб Рустамзода Хуршедро раиси иттифоқи касабаи Маҷмаа Акбаров Сайаъзам ба сами ҳозирин расонд.
Таъкид гардид, ки ҳар як давлати мустақил ва соҳибистиқлол ба воситаи парчаму мудаддасоти давлаташ худро муарифи менамояд.
Аз ин лиҳоз парчам дар баробари конститутсия, нишон ва суруди миллӣ аз ҷумлаи мукаддасоти милливу давлатдори буда, Конститутсия шиносномаи давлату миллат ҳисобида шуда, парчам ва парчамдорӣ яке аз суннатҳои кадими давлатдори ва рамзи ватандорию ватандӯстӣ мебошад.
Мардуми точик зери ин парчами вахдату якдили устуворона кадам гузошта ба хотири сохтани ҷомеаи мутамаддин дар қатори дигар муқаддасоти Ватан, Парчами давлати худро, ки ормони ҳар як миллати озодихоҳ аст, ба таври ҷовидона муқаддас нигох медорад.

