Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” бахшида ба рӯзи байналмилалии Наврӯз чорабинии идона баргузор гардид.
Чорабинии идонаро муовини директори Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” номзади илмҳои тиб Рустамова Миҷгона Салоҳудиновна ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо ҷашни миллиамон муборакбод намуд.
Мавсуф иброз намуд, ки боиси ифтихору сарфарозист, ки Наврӯз дар партави ғояҳои зиндагиафрӯз ва нусратбахши Истиқлолияти давлатиамон ба марҳалаи нави эҳёи худ расида, туфайли сиёсати тамаддунофар ва фарҳангпарваронаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурӣ, пеш аз ҳама Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми хоса пайдо намуд ва аз ҷашни мардумӣ то сатҳи ҷашни давлатӣ ва байналмилалӣ эътироф гардид.
Дар партави сиёсати халқпарварона ва ободкоронаи Пешвои муаззами миллат имрӯзҳо сокинони меҳнатқарини шаҳрамон чун тамоми мардуми шарифи Тоҷикистони азиз ба раванди корҳои созандагиву бунёдкорона вусъати тоза бахшида, баҳри шукуфоиву сарсабзӣ ва ободии Ватани маҳбубамон фидокорона меҳнат менамоянд.
Басо рамзист, ки имсол низ Наврӯзи оламафрӯз бо ҳама рангорангиву рӯҳи зиндагисозаш ва пайку муҷдаҳои баҳорӣ фаро расида, чун сароғози ҳаёти нав ва амалӣ шудани ормонҳои наҷиб ҳар яки моро барои расидан ба ҳадафу ниятҳои некамон ҳидоят менамояд.
Иди Наврӯз аз замони пайдоиш то ба имрӯз аз ҷашнҳои бузургтарини суннатии ҳамаи мардумони ориёинажод шинохта шуда, таи ҳазорсолаҳо арзи вуҷуд дорад.
Наврӯз дар тасавуроти ниёгони мо оғоз ёфтани соли нав аст, зеро давомнокии шабу рӯз дар ин вақт баробар шуда, рӯшноӣ афзуда, ба торикӣ пирӯз шудан мегирад.
Яке аз фазилатҳои барҷастаи таҷлили ҷашни Наврӯз ҳамдиливу сарҷамъии аҳли ҷомеа ва хушҳоливу хурсандии хурду бузурги мардум мебошад.
Эҳёи бомароми расму оинҳои накӯи наврӯзӣ ба тарғибу ташвиқи шоистаи он дар ҷумҳурӣ ва берун аз он бешак собит месозад, ки Тоҷикистон Ватани Наврӯз ва ворису посдори ин суннати пурифтихори бостонӣ аст.
Дар чорабинии идона, бахшу шуъбаҳои Маҷмаа бо барномаҳои фарҳангӣ баромад намуда, руҳи идонаи ҳозиринро боз болидатар намуданд.
Ҳамзамон аз тарафи бахшу шуъбаҳои Маҷмаа намоиши Наврӯзӣ пешкаши иштирокчиён гардонида шуд, ки аз хурокҳои миллӣ ва баҳорӣ иборат буд.
Дар охир аз тарафи ҳакамон ба санъати иштирокчиён ва намоиши онҳо баҳогузорӣ карда шуд.
Ҳамин тариқ ҳакамон ҷои якумро ба бахши ташхисгоҳ, ҷои дуюмро ба бахши ёрии таъҷилӣ ва ҷои сеюмро ба бахши таввалудхонаи Маҷмаа сазовор донистанд.
Ба ғолибони ҷойҳои ифтихорӣ мукофотҳои таъсисдодаи иттифоқи касабаи Маҷмаа супорида шуд.