Мулоқот бо Роҳбари ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор хонум Падамжа Хандевал 12.03.2019 11:13, шаҳри Душанбе

Мулоқот бо Роҳбари ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор хонум Падамжа Хандевал 12.03.2019 11:13, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор хонум Падамжа Хандевалро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои молиявии дуҷониба доир ба Барномаи ояндаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазина дар доираи “Механизми васеи қарздиҳӣ” баррасӣ гардид.

Ҷонибҳо ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Хазинаи Байналмилалии Асъорро мусбат арзёбӣ намуда, зикр карданд, ки дар натиҷаи татбиқи ислоҳот ва ҳамкориҳои судманд бо шарикони рушд, аз ҷумла Хазинаи Байналмилалии Асъор тайи солҳои охир фазои соҳибкориву сармоягузорӣ дар Тоҷикистон беҳтар гардида, барои ҷалби сармояи хориҷӣ ҳамаи заминаҳои зарурӣ фароҳам оварда шудаанд.

Қайд гардид, ки дар доираи стратегияи рушди дарозмуддат азму талошҳои Ҳукумати мамлакат барои ноил гардидан ба чор ҳадафи стратегӣ, яъне истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат ба ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва ташкили ҷойҳои корӣ мусоидат менамояд.

Зарур шуморида шуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо бо шарикони рушд дар доираи афзалиятҳои стратегии рушди кишвар барои кам кардани таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллӣ тавассути дастгирии буҷети давлат, соҳаҳои иҷтимоӣ ва инфрасохтори энергетикиву нақлиётӣ талошҳои ҷиддӣ ба харҷ хоҳад дод.

Дар мулоқот дигар мавзуҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ шуд.