Мулоқот бо Муовини Сардори Шӯрои марказии ҳарбии Ҷумҳурии Мардумии Чин Сюй Тсилян 05.09.2018 18:23, шаҳри Душанбе

Мулоқот бо Муовини Сардори Шӯрои марказии ҳарбии Ҷумҳурии Мардумии Чин Сюй Тсилян 05.09.2018 18:23, шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рӯзи 5 сентябри соли 2018 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муовини Сардори Шӯрои марказии ҳарбии Ҷумҳурии Мардумии Чин Сюй Тсилянро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот масоили рушду густариши минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Чин баррасӣ гардид.

“Таҳкими муносибатҳо дар соҳаи ҳарбӣ ва ҳарбӣ — техникии Тоҷикистону Чин, яке аз масъалаҳои муҳими ҳамкории кишварҳои моро ташкил медиҳад” — таъкид намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ҷонибҳо аз ҳамкории давлатҳо, ки характери стратегӣ ва шарикии ҳамаҷониба дорад, қаноатмандӣ намуда, изҳори умед карданд, ки бо талошҳои пайваста он ба таври бемайлон рушд мекунад.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Тоҷикистону Чин, иҷрои созишномаҳои қаблан қабулшуда, саҳми кишвари ҳамсоя баҳри таъмини амният дар сарҳади давлати мо бо Афғонистон ва муборизаи дастаҷамъона бо хатарҳои ҷаҳони муосир — терроризму экстремизм, радикализм, инчунин пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Зимни суҳбати самимӣ, ки дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ ҷараён гирифт, инчунин дигар масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ муҳокима гардид.