Мулоқот бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳои ҷумҳурӣ 10.05.2019 15:26, шаҳри Душанбе

Мулоқот бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳои ҷумҳурӣ 10.05.2019 15:26, шаҳри Душанбе

10 май дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳои кишвар мулоқот карданд.

Дар мулоқот аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчиёни Президенти кишвар, намояндагони раёсат ва сохторҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони идораҳои назди Ҳукумати мамлакат, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва коргарони масъули баъзе вазорату идораҳои дахлдор иштирок намуданд.

Зимни суханронӣ дар мулоқот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таҳлилҳои амиқ фаъолияти ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, аз ҷумла мақомоти молия, андоз, гумрук ва бонкҳоро натиҷагирӣ карданд.

Президенти мамлакат таъкид доштанд, ки мақсади мулоқоти имрӯза бо кормандони соҳаҳои молия, бонкдорӣ, андоз, гумрук ва сармоягузорӣ баррасии фаъолияти сохторҳои марбута ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, инчунин, дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилот ва вазифаҳое мебошад, ки иҷрои онҳо барои рушди минбаъдаи иқтисоди миллии мо зарур шуморида мешавад.

Баъди таҳлилу баррасии вазъи соҳаҳо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири мусоидат кардан ба рушди босуботи кишвар, ислоҳи камбудиҳои соҳаҳо ва дарёфти роҳҳои нави пешрафти бахшҳои иқтисоди миллӣ, оид ба таъмини нақшаи даромади буҷет, ба роҳ мондани низоми нави фаъолият, ҷорӣ кардани технологияи муосир, интихобу ҷобаҷогузории кадрҳои баландихтисоси соҳаҳо, таҳия ва татбиқи қонунҳо ва барномаҳои давлатӣ, дар назди Ҳукумати кишвар, роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, супоришҳои мушаххас гузоштанд.

Баъди суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Юсуф, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Султонзода Сулаймон, Раиси Палатаи ҳисоби ҷумҳурӣ Чиллазода Қарахон, вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода, сардори Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” Икромӣ Сироҷиддин, роҳбарони бонкҳои саҳҳомии кишвар ва директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Сафаралӣ Наҷмиддинов гузориш доданд.

Дар ҳисоботи Прокурори генералӣ, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Палатаи ҳисоби ҷумҳурӣ ошкор кардани қонунвайронкуниҳо, ҷиноятҳои молиявии вобаста истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва дигар ҳаракатҳои дорои характери коррупсионӣ дар мақомоти молия, андоз, гумрук ва бонкдорӣ, маълумот дода шуд.

Зимни гузориши вазири молия, раиси Кумитаи андоз, сардори Хадамоти гумрук ва директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, масъалаҳои иҷрои босифати нақшаи даромад ва хароҷоти буҷет, иҷрои барномаҳои давлатӣ, зарурати ҷорӣ кардани технологияи рақамӣ дар коргузорӣ, соддагардонии андоз, пешгирии қонунвайронкуниҳо дар самти таъин ва пардохти нафақа, баррасӣ карда шуд.

Раисони Бонки миллӣ, “Амонатбонк” ва бонкҳои саҳҳомии кишвар ба Сарвари давлат оид ба низоми бонкдорӣ, қурби пули миллӣ, беҳдошти сатҳи хизматрасонии бонкӣ, амонатгузорӣ, тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳо, гузориш доданд.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба ҳамаи роҳбарону коргарони мақомоти молия, андоз, гумрук ва бонкҳои кишвар, барои бар нафъи давлату миллат бо садоқат фаъолият кардан, дастуру супоришҳои мушаххас доданд.