МО БО ШУМОЕМ, ТАБИБОН! КУМАКИ СОҲИБКОРИ ВАТАНӢ МАҲМУДҶОН МУРОДОВ БА КОРМАНДОНИ МАҶМААИ ТАНДУРУСТИИ “ИСТИҚЛОЛ”.

МО БО ШУМОЕМ, ТАБИБОН! КУМАКИ СОҲИБКОРИ ВАТАНӢ МАҲМУДҶОН МУРОДОВ БА КОРМАНДОНИ МАҶМААИ ТАНДУРУСТИИ “ИСТИҚЛОЛ”.

Дар пайравӣ ба сиёсати созандаю инсондустонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  дастгирӣ аз иқдомҳои наҷибонаи Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз 28 июли соли 2020 аз ҷониби соҳибкор, Роҳбари ҶДММ «Сарманзил»,  узви ҲХДТ ва вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмудҷон Муродов дар доираи иқдоми неку башардӯстона ба 200-нафар кормандони Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”, ки дар рӯзҳои вазнин дар муолиҷа ва нигоҳубини гумонбарони бемории коронавирус КОВИД-19 иштирок намуданд ба муносибати иди Қурбон кумакҳои моддӣ иборат аз маводҳои  мавриди ниёзи аввал аз қабили руған, орд, шакар, биринҷ, макарон ва гушт  тақдим намуданд.

Роҳбарияти Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” аз ин иқдоми соҳибкори худшиносу ватандӯст истиқбол намуда, онро пайравии шоиста ба ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон донистанд.