ИСТИҚБОЛ АЗ СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯ

ИСТИҚБОЛ АЗ СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯ

4-уми ноябри соли 2019 дар Муассисаи давлатии маҷмааи тандурустии “Истиқлол” бахшида ба 25-умин солгарди Конститутсия ҷаласа баргузор гадид. Ҷаласаро директори Муассиса Абдуллозода Ҷ.А. оғоз намуда иброз доштанд, ки қабули Сарқонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз саҳифаҳои дурахшони таърихи даврони Истиқлолият ба шумор рафта, рӯйдоди дар ҳақиқат бузург ва тақдирсоз мебошад.

Ин ҳуҷҷати таърихӣ Истиқлолияти давлатии тоҷиконро ба расмият дароварда, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии пешрафту инкишофи давлату ҷомеаро бо воситаи меъёрҳои ҳуқуқӣ муайян сохт.

Қабули Конститутсия соли 1994 натанҳо дар пайдоиши усулу падидаҳои гуногуни демократӣ дар кишвари соҳибистиқлоламон заминаи ҳуқуқӣ гузошт, балки рушду равнақ ва таъмини онҳоро кафолат дод. Конститутсия сохти давлатдорӣ ва низоми ҳаёти ҷомеаи нави Тоҷикистонро муайян намуда, ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар мамлакатамон асоси боэътимод гузошт.

Конститутсия санади воқеан таърихиву муқаддаси ҳар давлату миллат ва танзимкунандаи тамоми муносибатҳои муҳими ҷомеа мебошад.

Имрӯз бо итминони комил гуфта метавонем, ки Конститутсияи мо барои ифодаи ҳадаф ва рушду такомули давлату давлатдории навин омили асосӣ гардида, дар дигаргунсозии бунёди тамоми муносибатҳои сиёсиву иқтисодии ҷомеаи Тоҷикистон нақши муассир дорад. Он ҳуқуқу озодиҳои инсонро кафолат дода, асосҳои сохти ҷамъият, шакли идоракунӣ ва ташкилӣ, ҳудуди давлат, асосҳои таъсиси мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, салоҳият ва муносибати онҳоро муайян менамояд. Аз ин ҷиҳат, Конститутсияи мо санади ифодакунанда ва ҷавобгӯи ормону орзуи халқи Тоҷикистон аст.