Қисми дармонгоҳ

Асосӣ / Қисми дармонгоҳ

Қисми дармонгоҳ

Қисми дармонгоҳ ҷузъи махсусгардонидашуда ва бисёрсоҳаи табобативу –профилактикӣ буда, фаъолияти он ба расонидани кӯмаки тиббии амбулаторӣ ба беморон дар хонаҳояшон ва ҳангоми қабул равона карда шудааст.

Дармонгоҳ яке аз қисмҳои асоии Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” ба шумор рафта,  дар он мутахассисиони соҳибмалака фаъолият менамоянд.

Роҳбарии қисми мазкурро Афсияева Ҳокима Маҳмудовна, ки собиқаи кории зиёда аз 30 сола дорад. Ӯ “Аълочии соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад. Таҳти роҳбарии Ҳокима Маҳмудовна Муассисаи кӯмаки аввалияи тиббии-санитарӣ ғолиби озмун миёни муассисаҳои шаҳрӣ дар соли 2013 гардид. Дар дармонгоҳ 6 шуъбаи тибби оилавӣ, маркази солимии репродуктивӣ, шуъбаи мутахассисони соҳавӣ, шуъбаи ҷарроҳӣ, шуъбаи ташхисӣ, шуъбаи табиатшифоӣ ва озмоишгоҳи замонавӣ амал мекунанд, ки дар ҳар як утоқи кории шуъбаҳои мазкур компютер насб гардида, бо шабакаи интернет пайваст мебошанд, ки мутахассисон пайваста аз навгониҳои илму технологияи тиббӣ огоҳ гардида, баҳри сайқал додани дониши тахассусиашон ҷаҳд менамоянд.  Шуъбаи тибби оилавӣ: дар ин шуъба 42 нафар табиб фаъолият менамоянд. Дар дохили шуъба ҳуҷраи ҷарроҳӣ ва ҳуҷраи муолиҷаи занона воқеъ буда бо таҷҳизот ва технологияҳои муосир ва навтарин муҷаҳазонида шудааст.  Дар шуъбаи наслфизои (репродуктивӣ) бошад, ҳоло 10 нафар мутахассиси соҳибтаҷриба кор карда истодаанд, ки ҳамарӯза  ба беморон ва эҳтиёҷмандон кӯмак мерасонанд.

Таҷҳизоти дигаре, ки дар дармонгоҳ  насб шудааст, ин комбайни озмоишӣ барои ташхис ва муолиҷаи бемориҳои гӯшу гулӯ ва бинӣ мебошад, ки он имкон дорад дар як замон ҳам ташхис ва ҳам табобатро амалӣ намояд.  Инчунин таҷҳизоти муосири компютерӣ барои муоинаи  бемориҳои чашм пешбинӣ шудааст. Ҳамаи таҷҳизоти озмоишгоҳ замонавӣ буда, ба мутахассисон имкон медиҳад, ки тариқи заррабин (микроскоп),  шишаҳои муҳаддаб (лупа) ва дигар асбобҳои пешина  муоина накарда,  тариқи компютерҳои рақамӣ ташхис гузаронанд.

Дар ин қисм инчунин дастгоҳҳои анализатори таҳлили пешоб ва таҳлили хун  ҷойгир мебошанд, ки тариқи он дар муддати кӯтоҳ аз рӯи даҳҳо нишондодҳои биологӣ ва кимиёвӣ таҳлил гузаронида шуда, кори мутахассисон ва духтуронро осон кардааст. Ҳамаи ин таҷҳизот аз ширкатҳои пешқадами давлатҳои Итолиё, Олмон ва  Ҷопон харидорӣ шудаанд.