Иштирок дар идомаи кори Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии сатҳи баланди “Як камарбанд, як роҳ” 27.04.2019 10:05, Чин

Иштирок дар идомаи кори Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии сатҳи баланди “Як камарбанд, як роҳ” 27.04.2019 10:05, Чин

27 апрел дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин кори Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии сатҳи баланди “Як камарбанд, як роҳ” идома ёфт.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаҳои якум, дуюм ва сеюми мизи мудаввар дар доираи Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии сатҳи баланди “Як камарбанд, як роҳ” ба Маркази ҳамоиши байналмилалии Хуайроу ташриф оварданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони ҳайатҳои кишварҳоро дар майдони Ҳанчу Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин истиқбол гирифт.

Дар “Боғи тобистона” Сарони давлатҳои Тоҷикистону Чин муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин барои хотира аксбардорӣ намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми мизи мудаввар таҳти унвони “Тавсеаи имкониятҳои ҳамкорӣ барои омӯзиши манбаъҳои рушд” иштирок ва бо нутқи пурмуҳтаво суханронӣ карданд.

Президенти мамлакат таъкид доштанд, ки Тоҷикистон ба татбиқи ҳадафмандонаи ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” аҳамияти хоса медиҳад ва омодааст бо тамоми кишварҳо дар доираи ин тарҳ ҳамкории судмандро ба роҳ монад.

Таъкид гардид, ки ин ташаббус метавонад барои Тоҷикистон манбаъи иловагии захираҳои молиявӣ дар роҳи татбиқи “Стратегияи миллии рушд дар давраи то соли 2030” ҷиҳати ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор гардад.

Иштироки Тоҷикистон дар ин ташаббус ҳамчун кишваре, ки ба баҳр баромад надорад, барои баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва рушди иқтидори транзитӣ мусоидат мекунад.

Ҳамзамон бо амалӣ кардани ин ташаббус имкон фароҳам меояд, ки Тоҷикистон ба бозорҳои нав роҳ ёбад ва тавассути долонҳои нав корхонаҳои нави истеҳсолӣ таъсис диҳад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромади худ таъкид карданд, ки максади мо аз рушди соҳаи нақлиёти-транзитӣ ин фароҳам овардани шароити мусоид барои хатсайрҳои байналмилалии нақлиётӣ дар роҳҳои мошингард, ҳавоӣ ва роҳи оҳан байни кишварҳоямон мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карданд, ки роҳҳои мошингарди шоҳроҳи “Хитой — Тоҷикистон — Ӯзбекистон” ва “Хитой — Тоҷикистон — Афғонистон” ба тарҳи ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” ворид карда шавад.

Мо ҳамчунин лоиҳаи роҳи оҳани “Хитой-Қирғизистон-Ӯзбекистон”-ро дастгирӣ мекунем ва ҷонибдори ба он ворид шудани кишварамон мебошем, таъкид карданд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ба андешаи Президенти мамлакат истифодаи самараноки захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон, канданиҳои фоиданок, рушди саноати куҳӣ, металлургияи ранга, истеҳсоли маҳсулоти сохтмон ва бахшҳои ояндадори кишоварзӣ, саноати сабук ва хурока метавонанд аз самтҳои дигари ҳамкорӣ дар доираи ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” бошанд.

Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки дар доираи татбиқи ин ташаббус мо метавонем рушди умумӣ ва сатҳи зиндагии мардумонамонро таъмин намоем.