Ифтитоҳи Маркази таълимии “Пойтахт”-и Қушӯнҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 29.09.2020 10:35, шаҳри Душанбе

Ифтитоҳи Маркази таълимии “Пойтахт”-и Қушӯнҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 29.09.2020 10:35, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ Маркази таълимии “Пойтахт”-и Қушӯнҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллиро мавриди истифода қарор доданд.

Маркази таълимии “Пойтахт” барои бозомӯзии ҳайати шахсӣ ва сатҳи роҳбарии Қушӯнҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

Масоҳати Маркази таълимии “Пойтахт” 2 гектарро ташкил дода, сохтмони иншооти мазкур моҳи апрели соли 2020 оғоз гардид.

Дар марказ барои бозомӯзии 400 нафар кормандону мутахассисон дар як вақт шароити муосир муҳайё гардидааст.

Марказ аз як бинои дуошёна ва биноҳои якошёна иборат буда, бо тамоми таҷҳизоти соҳавӣ ва дастгоҳҳои махсус таъмин мебошад.

Бинои нави Маркази таълимии “Пойтахт”  дорои қариб 20 синфхонаи дарсӣ, синфхонаҳои лингафонӣ мебошад, ки мутахассисони соҳа бо истифода аз технологияи пешрафтаи мавҷуда ба курсантон ва дигар шунавандагони курсҳои таълимӣ забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ, англисӣ ва чинӣ омӯзонида мешаванд.

Раванди таълим дар марказ тавассути тахтаҳои электронӣ ва дигар технологияи пешрафта ба роҳ монда шуда, ба кадрҳои ҷавон донишҳои замони муосир дар сатҳи баланд омӯзонида мешавад, ки ин яке аз бартариятҳои он ба шумор меравад.

Утоқҳои дарсӣ, машқгоҳҳо, меҳмонахона барои 100 нафар, ошхона бо 100 ҷойи нишаст, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои корӣ аз имкониятҳои марказ барои бозомӯзии хизматчиён мебошад.

Зимни шиносоӣ бо имкониятҳои муосири таълим дар марказ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Қушӯнҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи пурсамари шароити муҳайёгардида, тарбияи дурусти сарбозон дар роҳи ватандорӣ, ҳисси масъулияти баланд дар назди давлату миллат, дастуру супоришҳо доданд.

Дар маркази таълимӣ ҳамзамон ҷиҳати ба машқу тамрин машғул шудани афсарону сарбозон ва шунавандагони курсҳои омӯзишӣ толори варзиш  бунёд гардидааст, ки бо лавозимоти муосири соҳавӣ муҷаҳҳаз мебошад.

Бо назардошти дар рӯҳияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ тарбия намудани сарбозону курсантон дар дохили бинои навбунёди Маркази таълимии “Пойтахт” осорхона бо номи “Толори сабақи ватандорӣ” ташкил карда шудааст, ки онҳо метавонанд ҳангоми фориғ аз машғулиятҳо аз таърихи ташаккули Қушунҳои сарҳадӣ  ва корнамоиҳои фарзандони фарзонаи миллат воқив гарданд.

Маркази таълимии “Пойтахт” ба ғайр аз бинои таълимӣ боз дорои фермаи парандапарварӣ мебошад, ки дар он 7 намуди парранда бо саршумори 2500 адад парвариш меёбад.