Ифтитоҳи Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳии кули “Душанбе” дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе 30.08.2019 11:26, шаҳри Душанбе

Ифтитоҳи Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳии кули “Душанбе” дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе 30.08.2019 11:26, шаҳри Душанбе

30 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳии кули “Душанбе”-ро пас аз азнавсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Баъди ифтитоҳи марказ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити истироҳат дар кули “Душанбе”, аз ҷумла мағоза, тарабхона, ҳавзҳо, аквапарк, боғи ҳайвонот, майдончаҳои назди соҳили кул ва дигар иншооти фароғатии ин ҷо шинос шуданд.

Гуфтан ба маврид аст, ки пас аз ифтитоҳи кули “Душанбе” дар пойтахт шумораи иншооти фароғатӣ боз як адад зиёд гардида, маркази муосири истироҳатию фароғатӣ пешкаши сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки барои ин тадбир дар доираи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз ду сол қабл иқдом пеш гирифта шуда буд.

9 ноябри соли 2017 дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо лоиҳаҳои азнавсозии “Кули Варзоб” ва бунёди корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ шинос шуда, барои сохтмони Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳии кули “Душанбе” санги асос гузоштанд.

Бо мақсади ободу зебо намудани иншооти истироҳатию фароғатӣ ва дигар марказҳои фарҳангӣ, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои сокинону меҳмонон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо соҳибкорони ватанӣ тасмим гирифта буданд, “Кули Варзоб”, воқеъ дар шафати шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ”-ро дар назди соҳили дарёи Варзоб азнавсозӣ намоянд.

Ҳамон вақт ба нақша гирифта шуда буд, ки дар атрофи кул барои кӯдакону наврасон ва калонсолон ҷойҳои махсуси дилхушӣ, аквапарк, майдончаҳои футбол, волейбол ва дигар марказҳо бунёд гардад.

Барои истироҳати хуши калонсолон дар кул нақлиёти обӣ — гидросиклҳо ва катамаранҳо истифода бурда мешаванд.

Бо мақсади азнавсозии мавзеи истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳии замонавӣ дар қаламрави кишвар, муаррифии он ба меҳмонону сокинони мамлакат, инчунин шуҳрати хоса пайдо намудани номи кул дар минтақаи Осиёи Марказӣ корҳои сохтмонӣ, ободонӣ ва таъмиру азнавсозии Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳии кули “Душанбе” оғоз гардид.

Масоҳати Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳии кули “Душанбе” пеш аз азнавсозӣ 13 гектарро ташкил медод. Бо васеъ намудани ҳудуди Маркази истироҳатӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нави истироҳатӣ масоҳати он ба 17 гектар расонида шуд.

Дарвозаи даромадгоҳи Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳии кули “Душанбе” бо нақшу нигор ва услуби хоса ороиш дода шуда, ҳудуди он бо панҷараҳои ороишӣ иҳота карда шудааст.

Пайроҳаҳо бо тахтасангҳо рӯйпӯш карда шуда, дохил ва гирду атрофи кул дар майдони кариб 3 гектар сабзаю кабудизор гардидааст ва дар ҳудуди он дарахту буттаҳои хоси иқлими ҷанубу шарқӣ шинонида шудааст.

Марказ метавонад дар як рӯз то ба 5 ҳазор меҳмонони дохилу хориҷи кишвар хизмат расонад.

Воридшавӣ ба ҳудуди ин Маркази фароғатӣ бо истифода аз тасмачаҳои махсуси электронӣ сурат мегирад, ки ин ба истироҳаткунандагон имконияти истифода бурдани тамоми иншооти марказро фароҳам месозад.

Дар қисмати шимолу шарқии Марказ ду таваққуфгоҳ барои 500 воситаи нақлиёт сохта шуда, роҳравҳои марказ пурра асфалтпӯш гардидааст.

Дар ҳудуди Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳӣ 3 бинои нав бо санъати меъмории хоса сохта шудааст.

Бинои якум аз ду ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум хазина, мағозаи хӯрокворӣ, мағозаи махсуси фурӯши лавозимоти шиноварию истироҳатӣ, ҳаммом, ҳуҷраҳо барои ивази либос, хонаҳои дастшуӣ ва утоқҳои кории маъмурият ҷойгир шудаанд.

Ошёнаи дуюм аз толори маҷлис ва ҳуҷраҳо барои истироҳат иборат аст.

Дар назди бинои мазкур майдончаи кушоди консертӣ бо тамоми таҷҳизоти ороишӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Дар саҳни ҳавлӣ ду фаввораи рақсон бо истифода аз мусиқиҳои ҷаззоб ва тасвирҳои рангоранг қомат афрохта, ҳамзамон шаршара бо истифода аз сангҳои азимҷусса сохта шудааст.

Дар қисми шимолу шарқии кул бинои якошёна қомат афрохта, дар он тарабхона ва қаҳвахона ҷойгир аст, ки дар як вақт имконияти қабули 700 нафар меҳмонро ҳам дар дохил ва ҳам дар саҳни ҳавлӣ доранд. Ғайр аз ин, дар ин бино ҳуҷраҳои иҷораи катамаран, флейборд ва гидросикл ҷойгир мебошад.

Обанбори кули “Душанбе” масоҳати 6,5 гектарро дар бар гирифта, ба он оби софи равон ворид мешавад ва сифати он таҳти назорати доимӣ қарор дорад. Дар қисми шимолии соҳил ҷой барои оббозӣ, ки бо тӯр ҷудо шудааст, дар қисмати шарқӣ бошад, ҷой барои истироҳату фароғати гурӯҳиву оилавӣ бо катҳои алоҳида ташкил карда шудаанд, ки ҳар кадоме аз онҳо бо ҳуҷра барои ивази либос таъмин гардида, дар онҳо имконияти дастрасии мустақим ба соҳили кул фароҳам аст.

Соҳили кӯл аз қуми махсуси баҳрӣ, ки аз шимоли кишвар оварда шудааст, руйпуш гардида, ба саломатии инсон манфиатовар мебошад.

Дар баробари ин барои истироҳаткунандагон ва дӯстдорони бозиҳои обӣ трамплинҳои варзишӣ барои ҷаҳидан ба об сохта шуда, онҳо метавонанд аз катамаранҳо, флейборд ва гидросиклҳо истифода баранд.

Дар гирди кул дар масофаи 2000 метр пайроҳа барои давидан ва велосипедронӣ ташкил шуда, дар ҷойи махсус таваққуфгоҳи велосипедҳо сохта шудааст.

Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳии кули “Душанбе” велосипедҳои дучарха ва чорчархаро барои истифодабарӣ дар ҳудуди кул пешкаши сокинону меҳмонон намудааст.

Барои нафароне, ки худашон маҳорати пазандагӣ доранд ва мехоҳанд хӯрокро бо дасти худ омода созанд, дар минтақаи истироҳати оилавӣ дар наздикии кул катҳо мавҷуданд, ки аз он метавонанд истифода баранд.

Дар қисми шимолу ғарбии Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳии кули “Душанбе” боғи ҳайвонот сохта шудааст, ки дар он беш аз 50 навъи ҳайвоноти нодири оилаҳои хазандаҳо, даррандаҳо, паррандаҳо, ширхӯрҳо ва ғайра ҷойгир шудаанд.

Қисми дигари Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳии кули “Душанбе”-ро аквапарк (парки обӣ) ташкил медиҳад, ки он дар масоҳати 2,6 гектар ҷойгир буда, чун намунаи муосири беҳамто дар ҳудуди Осиёи Марказӣ калонтарин маҳсуб меёбад.

Аквапарк аз 5 маҷмааи истироҳатӣ —  ҳавзи шиноварӣ бо фаввораҳои дорои тасвирҳои гуногун барои калонсолон ва кӯдакон, майдонҳои бозиҳои шавқовар ва дигар таҷҳизоти дилхушии обӣ иборат мебошад.

Ҳавзҳо дорои системаи махсуси поккунии об буда, тавассути насосҳои филтркунанда вазъи санитарии об пурра таъмин мегардад.

Дар ин парки обӣ зиёда аз 16 навъи атраксионҳои обӣ васл карда шудааст, ки дар кишвар бори аввал аз Туркия вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидаанд ба монанди спейсшатл, блекхол, турбо-лейс, спейбоод, рокет фрифол, виндиго, твистер.

Лоиҳакаши Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳии кули “Душанбе” Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Меъморӣ ва шаҳрсозӣ” мебошад.

Баъди шиносоии пурра бо Маркази истироҳатию фароғатии Кули “Душанбе” Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташаббуси роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ба соҳибкорон барои дастгирии ташаббуси роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои арзанда дода, иқдоми онҳоро намунаи ибрати шоистаи номиданд

Бояд гуфт, ки ҳамаи иншооти муҳими соҳаи туризм, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёдашон тадбирандешӣ мегардад, барои рушди соҳаҳои туризм ва варзиши кишвар дар минтақаи туристии Варзоб аҳамияти муҳим доранд.

Баробари сохтмони иншооти номбаршуда, боз садҳо ҷойи нави корӣ таъсис меёбад, ки дар самти таъмини аҳолӣ бо кори доимӣ мусоидат менамоянд.

Ҳамчунин иншооти мазкур бо тарҳи муосир сохта шуда, сатҳи хизматрасонӣ ба сокинони мамлакат ва меҳмонони хориҷӣ беҳтар мегардад.