Ифтитоҳи бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин 24.09.2020 16:06, ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

Ифтитоҳи бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин 24.09.2020 16:06, ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

Бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мавриди истифода қарор дода шуд.

Бинои мақомот аз 3-ошёна иборат буда, баландии ошёнаҳо 3,3 метрро ташкил медиҳанд.Масоҳати умумии бино 1734 метри мураббаъ мебошад.

Фармоишгар Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳакаш Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “САНИИОСП”-и шаҳри Душанбе ва пудратчӣ Ширкати сохтмонии “Консол”-и шаҳри Душанбе мебошанд.

Дар ошёнаи якум толори маҷлис барои 240 ҷойи нишаст, миёнсарой, бахши занон ва оила, шуъбаи хизматрасонӣ, шуъбаи хизматрасонӣ дар хона, бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, китобхона, шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандон, ҳуҷраи техникӣ ва бойгонӣ ҷойгир мебошад.

Дар ошёнаҳои 2-юм ва 3-юм утоқи кории раиси ноҳия, бахши сармоягузорӣ, қабулгоҳ, муҳосибот, хазинадор, толори маҷлис барои 48 ҷойи нишаст, утоқи кории муовинони раиси ноҳия ва дигар утоқҳои корӣ ҷойгир карда шудаанд.

Бинои мазкур вобаста ба сардии иқлими ноҳия, бо шабакаи мустақими гармидиҳӣ таъмин буда, ҳамаи утоқҳои корӣ бо таҷҳизоту лавозимоти муосир муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, хизматчиёни давлатиро ба меҳнати софдилона ва хизмат ба халқу Ватан ҳидоят намуданд.