Дигар ҳамшира лозим нест?

Дигар ҳамшира лозим нест?

Мутахассисони соҳаи илму технология дар Шведсия роботе ихтироъ намуданд, ки он метавонад ба нигоҳубини бемор машғул шавад. Ҳамчунин дар роботи мазкур барномаи махсус ҷо кардаанд, ки он метавонад лоиҳаҳои иқисодӣ омода намояд. Қисми болоии робот ба инсон шабоҳат дошта, он имкон дорад бо чанд забон бо одамон суҳбат кунад. Ихтироъкорон дастоварди худро роботи ҷамъиятӣ номгузорӣ намуда, нақша доранд ояндаи наздик истифодаи онро дар корхонаҳо ба роҳ монанд.