Диабети қанд чи гуна бемори аст?

Диабети қанд чи гуна бемори аст?

Диабети қанд чи гуна бемори аст?

Диабет ин гуруҳи бемориҳои метаболикӣ (мубодилаҳои моддаҳо) мебошад, ки ба он баландшавии қанди хун хос аст, ки дар натиҷаи иллати тарашшуҳи нисби ё мутлақи инсулин ба амал меояд. Дар натиҷаи тағирёбии мубодилаҳои модаҳо дар ғадуд ба амал омада ба вайроншавии функсияи раг ва торҳои асаб оварда мерасонад.

Ҳангоми ба бемории қанд гирифтор шудан чи бояд кард?

Саравал бояд аз табобати халқӣ худорӣ намоянд ва аллбата ба мутахассиси соҳа (табиби эндокринолог) муроҷиат намоянд, аммо аввал барои худи бемор ин риоя кардани парҳез аст. Истифода набурдани худсаронаи дорувориҳо аз тарафи худи шахс. Зиёд кардани маълумоти шахси оиди бемори ва оризаҳои он. Стресс бадтарин омил барои беморони якумин маротиба ташхисшуда мебошад. Пас беморон бояд ва ҳатман аз стресс дур бошанд.

Нишонаҳои бемории мазкур дар шахсони гирифтор чи гуна маълум мешаванд?

Нишонаҳои аввалини бемори дар шахсони ба беморӣ гирифторшуда ин хушк шудани даҳон, ташнагӣ –яъне талабот ба обнуши зиёд шуда,  пешоб ҳам дар ин гуна ашхос бештар мешавад.  Инчунин дар гурӯҳи бемороне, ки ба диабети қанди навъи 1-ум гирифтор шудаанд, камшавии иштиҳо ва баракси онҳо дар гурӯҳи беморони диабети қанди навъи 2-юм дошта баланшавии иштиҳо ба назар мерасад.

Сабабу омилҳои гирифторшави ба ин бемори дар чист?

 Албатта, ки сабабҳо ва омилҳо хело зиёд мебошанд. Ба таври мисол: Ирсӣ яъне метавонад аз насл аба насл гузарад, аутоиммунӣ, мутатсияи гении ресепторҳо ва худи инсулин, истифодаи баъзе дорувориҳо ва маводҳои химиявӣ ва баъзе бемориҳои дигари ғадудӣ ва сабабҳои зиёди дигар боиси ба вуҷуд омадани бемори мегардад.

  Тавсияи шумо ҳамчун мутахасис?

Чи хеле, ки пештар ҳам қайд кардем ин бемори ба табобат ва назорати ҷидди зарурат дорад. Ба тавсияи мутахасисон гуш дода албатта паҳрез кунанд. Маводҳои дорувориро сари вақт истеъмол намоянд. Таҳти назорати доимии табибони эндокринолог, офталмолог, кардиолог, ва нефролог бошанд. Инчунин маводҳои дорувории тавсияшудаи мутахассисро худсарона қатъ накунанд. Беҳтарин чиз барои беморон машғул шудан ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим мебошад. Шахсони дорои вазни зиёдати таҳти назорати табиб қарор гирифта, вазни худро кам намоянд.

Табибони эндокринологи МД МТ “Истиқлол”/