Мутахассисони соҳаи кимиё ва биологияи Британияи Кабир бар зидди бемории зуком ба таври тасоддуфӣ доруи универсалӣ ихтироъ карданд. Доруи нав имкон дорад, ки вуруд ва паҳншавии тамоми навъҳои вирусҳои зукомро дар ҳуҷайраҳои бадани инсон нигоҳ дорад. Ба андешаи муҳаққиқон, доруи ихтироъшуда дар баъзе ҳолатҳо метавонад, ба одам таъсири манфӣ расонад. Онро танҳо дар он ҳолате истеъмол кардан лозим аст, ки инсон ба зукоми аслӣ мубтало бошад. Дар акси ҳол, ин дору метавонад ба одам зарари ҷиддӣ расонад.