Дар Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии «Истиқлол»   дар мавзӯи офталмологияи «Технологияҳои муосир дар Тоҷикистон» ҳамоиш баргузор гардид.

Дар Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» дар мавзӯи офталмологияи «Технологияҳои муосир дар Тоҷикистон» ҳамоиш баргузор гардид.

Санаи 9-уми июни соли 2017 дар Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» бо иштироки намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутахасисони байналмилалии соҳаи тиб ҷамъомад баргузор гардид. Дар  ҳамоиш  мутахассисони соҳаи тиб аз федератсияи Россия, Эрон, Ҳиндустон, ИМА, Намояндагон аз СММ, Агентии Шветсария, намояндагони соҳаи тандурустии се вилояти Ҷумҳурии Тоҷикистон Суғд, Хатлон ва вилояти Бадахшон иштирок доштанд.

Иштирокчиён дар атрофи мавзӯи «Марҳилаҳои рушди ҷароҳии чашм  дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» суханрони намуда таъкид намуданд, ки маҳз  дар ин самт тиббӣ тоҷик ба комёбиҳои назаррас ноил гардидааст.

Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки  бо мунтазам ворид гардидани таҷҳизоти муосири тиббӣ ва маводи доруворӣ дар кишвар раванди рушди сатҳи хизматрасони аз ҷониби мутахассисони соҳаи тиб ба мизоҷон хеле хуб ба роҳ монда шудааст.

Масъулин иброз намуданд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аксарият нафарони  мубталои маризии чашм бо усули ҷароҳӣ  ва гузоштани линзаҳо шифо меёбанд. Мақсади ҷамъомади навбати муарифии шаклҳои наву гунонуни ташхису табоботи бемории чашм дар миқёси ҷумҳурӣ ба ҳисоб мерафт.

Бояд қайд намуд, ки имрӯзҳо кормандони соҳаи тиббӣ мамлакат имконоти бештарро дар даст дошта тавонистанд, ки дар самти «Офталмология»  ба дастовардҳои  назаррас ноил гардаанд.

Инчунин дар анҷоми ҳамоиш таъкид гардид, ки ҳамкориҳои кормандони Вазорати тандурустӣ кишвар бо мутахассисони  хориҷӣ   дар самти  ба даст овардани таҷрибаи пешқадами соҳаи тиббӣ муосир дар ҳоли густариш қарор дорад.