Дар Душанбе мушкилоти йоднокгардонии намак дар Тоҷикистон баррасӣ шуд

Дар Душанбе мушкилоти йоднокгардонии намак дар Тоҷикистон баррасӣ шуд

«Нақши ВАО дар ноилшавӣ ба йодноккунии умумии намак дар Тоҷикистон» — таҳти ин унвон дар Душанбе бо ибтикори Ташкилоти ҷумҳуриявии ҷамъиятии «Одам» дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор гардид.

Дар ҳамоиш намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Агентии «Тоҷикстандарт», Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ), ВАО, инчунин коршиносони соҳа ва дигар шахсони расмӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳамоиши мазкур бо мақсади таъмини босифати талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи йоднокгардонии намак» баргузор шуда, зимни он мавзӯъҳои «Аҳамияти йод ба сифати яке аз микроэлементҳо», «Оқибатҳои манфии норасоии йод», «Вазъияти норасоии йод, дурнамои чаҳонӣ ва минтақа», «Вазъияти ғизо ва норасоии йод дар Тоҷикистон», «Таърихи йоднокгардонии намак», «Гузашта ва ҳозираи Тоҷикистон оид ба йодноккунии намак», «Назорат ва танзими истеҳсол ва фурӯши намаки йодноккардашуда аз ҷонибии Ҳукумат» ва ғайраҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамчунин дар ҷамъомад зикр гардид, ки накши ВАО ҳамчун соҳаи фаъоли ҷомеа дар ноилшавӣ ба йодноккунии умумии намак дар Тоҷикистон назаррас мебошад.

Дар фарҷоми ҳамоиш таъкид шуд, ки тарғиби саривақтии йодноккунии намак ба беҳтаргардонии саломатии сокинон мусоидат менамояд.