ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ РОҲБАРИЯТИ ВАЗОРАТ БА ПИРОНСОЛОНУ МАЪЮБОН ТУҲФАҲОИ СОЛИНАВӢ ТАҚДИМ НАМУДАНД (АКС)

ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ РОҲБАРИЯТИ ВАЗОРАТ БА ПИРОНСОЛОНУ МАЪЮБОН ТУҲФАҲОИ СОЛИНАВӢ ТАҚДИМ НАМУДАНД (АКС)

Дар пайравӣ аз сиёсати  инсондӯстонаву иқдомоти хайрхоҳонаи роҳбарияти олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосатан Пешвои муаззами миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи  соли нави мелодӣ аз ҷониби роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бошандагони як қатор муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, аз ҷумла Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои равонӣ, Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина, Маркази ҷумҳуриявии саломатии равонии кӯдакон ва наврасон, Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб “Чорбоғ” дар ноҳияи Варзоб ва  бошландагони дигар муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои кишвар туҳфаҳои солинавӣ ва маводи озуқаворӣ дастрас карда шуд.

Маврид ба зикр аст, ки  санаи 29 декабри соли ҷорӣ  вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз вазъи феълии будубоши бошандагони Муассисаи давлатии “Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб “Чорбоғ” дидан намуд.

Дар рафти боздиди хеш ҳамзамон аз ҷониби Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  кишвар дар  ба муносибати фарорасии соли нави мелодӣ ба бошандагони муассисаи мазкур сару либоси зимистона ва туҳфаҳои идона тақдим гардид.

Зимни боздид ва шиносоӣ аз рафти хизматрасонии феълии иҷтимоӣ ба кӯдакони маъюб, Ҷамолиддин Абдуллозода таъкид намуд, ки  вазъи доимии  зиндагонии нафарони имконияташон маҳдуд ҳамеша зери таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва  назари хайрхоҳонаи Пешвои миллат намегузорад, ки дар ҳама гуна шароит табақаи имконияташон маҳдуд ва дар умум маъюбону эҳтиёҷмандон ба мушкилӣ мувоҷеҳ шаванд.

Дар идома вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз шароити хизматрасонии иҷтимоии муассисаи мазкур дидан намуда, ҷиҳати боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ мондани хизматрасонии иҷтимоӣ ба роҳбарияти он дустур ва супоришҳои мушаххас дод.

Дар доираи  иқдоми навбатии роҳбарияти вазорат ҳамзамон муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  кишвар Шодихон Ҷамшед ба ноҳияи Ёвон ташриф оварда,  аз номи Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон ба бошандагони Муассисаи давлатии хона-интернати пиронсолон ва маъюбони ноҳияи мазкур туҳфаҳои соли навӣ тақдим намуд.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар муассисаи мазкур барои истироҳату фароғати пиронсолон ва кӯдакони маъюб тамоми шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст.

Дар  навбати худ бошандагони ин муассиса ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхорӣ ва дастгириҳои пайваста изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи чунин иқдом инчунин ба як қатор муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии вилояти Суғд, махсусан, ба бошандагони Хона-интернати ноҳияи Ҷаббор Расулов низ туҳфаҳо дастрас карда шуданд.

Маврид ба тазаккур аст, ки ташаббуси навбатии  роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар дар пайравӣ ба ташаббусҳои инсондӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии табақаҳои ниёзманд амалӣ гардида, минбаъд низ идома дода хоҳад шуд.