Чорабинии идона ба муносибати рӯзи модарон дар МТИ

Чорабинии идона ба муносибати рӯзи модарон дар МТИ

Санаи 07.03.2018 дар Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” ба муносибати рӯзи модар чорабинии идона баргузор гардид.  Директори Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” Абдуллоев Ҷамолиддин Абдуллоевич аҳли нишастро ба муносибати рӯзи зан модар таҳният гуфта дар васфи ин олиҳаи зиндагӣ  ҳарф заданд, ки чунин буд.

Модарон ва хоҳарони гиромӣ!    Дӯст доштан, эҳтиром кардан, ба қадри ранҷу заҳмат ва меҳру муҳаббати модар расидан қарзи инсонии ҳар як фарзанди бедордил ва бонангу номус мебошад.

Агар ободиву суботи ҷомеаро осоишу оромии ҳар як оила таъмин намояд, дар навбати худ, ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифат ва тандурустии зан – модар сарчашма мегирад.

Таҷрибаи ҳаёт ва таърихи башарият собит месозад, ки дар ҳар кишваре, ки ба модарону бонувон арҷи бештар мегузорад, аҳолии он осудаву пешрафта мебошад.

Дарвоқеъ, ба шарофати модар ҳаёт дар рӯи замин бардавому пойдор ва маҳз ӯ олитарин муқаддасоти башарӣ мебошад.

Аз ин рӯ, барои ҳар яки мо симои аз ҳама маҳбубу меҳрубон ва нотакрору ҷовидона модар аст.

Модар бароямон на танҳо азизтарин шахс, балки гаронбаҳотарин сарвати миллату давлатамон ба шумор меравад.

Дили тавонои модар муҳаббатро мепарварад, рӯҳафтодаву дилшикастагонро умед мебахшад, ба ҳар кадоми мо боли парвоз ва нерӯи зиндагӣ ато мекунад.

Бинобар ин, мо вазифадорем, ки қадру манзалати занону модаронро ба таври шоиста ба ҷо орем ва дар хотир дошта бошем, ки сарчашмаи бузургии кулли бузургони ҷаҳон модар аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни ороаи паёмашон ба Маҷлиси Олӣ бо дарназардошти хизматҳои арзандаи занону духтарон дар таъмин ва ҳифзи манфиатҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ду пешниҳод намуданд, ки ҳадаф аз онҳо низ ҳимояи мақоми ин табақаи фаъоли иҷтимоии мамлакат мебошад.

Аввалан, таъкид гардид, ки Ҳукумати кишвар ва ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ ҷиҳати муқаррар намудани квота ва имтиёзҳо дар зинаҳои гуногун барои занону духтарон чораҷӯӣ намоянд.

Ҳоло дар кишвари мо имконият фароҳам оварда шудааст, ки занон дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа баробари мардон ширкати бевосита ва фаъол дошта бошанд.

Нақши занони бофарҳангу соҳибмаърифат дар ташвиқу тарғиби пойдории оила ва ҷомеаи солим, инчунин, иштироки онҳо дар таҳия ва амалӣ сохтани барномаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ низ назаррас мебошад.

 

Ҳоло 70 фоизи кормандони соҳаи маориф ва 60 фоизи кормандони соҳаи тандурустиро  занон ташкил медиҳанд.

Модарону хоҳарони меҳрубон!

Модар гаҳвораву оламро бо ҳам мепайвандад, рисолати пурзаҳмати парвариши наслҳоро ба дӯш кашида, бо сиришту замири покаш барои ҳастии фарзанд, ободии хонадон ва осоиши ҷомеа талош менамояд.

Баробари ин, дар сари гаҳвораи тифлаш шабзиндадорӣ карда, камолоти ӯро интизор мешавад ва тамоми ҳастиашро ба парвариши ҷигарбандаш сарф намуда, аз роҳи сидқ мададгораш мегардад.

Ин рисолати бузурги инсонӣ мақому мартабаи модарро боз ҳам муқаддасу беназир гардонидааст.

Ба қадри шири поки модар нарасидан, заҳмати бедорхобиҳои ӯро фаромӯш кардан, ба падару модар ситам кардан ва дар пириву дармондагӣ ба қадри ранҷу азоби онҳо нарасидан бузургтарин гуноҳ аст.

Мо фарзандон агар тамоми умр ба модари худ хизмат кунем, бо ранҷи шабзиндадорӣ ва заҳмати ӯ ба хотири тарбияву ба камол расонидани мо баробар шуда наметавонад.

Аз ин рӯ моро мебояд, ки модарони худро дӯст дорем, нисбат ба онҳо меҳрубону ғамхор бошем, иззаташонро ба ҷо оварда, ҳаргиз озорашон нарасонем ва нигоҳи пур аз меҳру шафқатро аз онҳо дареғ надорем. Қарзи фарзандии мо дар назди шахсияти мубораку биҳиштии модарон ҳамин аст.

Мо дар симои шумо духтарону бонувони азиз олиҳаи бахту саодат ва зебоиро мебинем.

Шумо бо меҳру вафоятон шӯълаи ишқу умедро абадӣ гардонида, эҳсоси инсониро дурахши пурҷило бахшидаед.

Аз ин рӯ, кӯшиш намоед, ки ин сарвати бебаҳои ҳаёти худро ҳифз карда, меҳру муҳаббатро дар қалби хеш беолоиш ва фурӯзон нигоҳ доред, оиларо асоси зиндагии худ қарор диҳед ва сабуру қаноатпеша бошед.

Аҳли ҷомеа ва фарзандони худро ҷиҳати ҳифзи истиқлолияту озодӣ, амнияти давлатӣ, суботи сиёсӣ ва таҳкими пояҳои ваҳдати миллӣ раҳнамоӣ карда, барои бунёди давлати пешрафтаву соҳибтамаддун ва дунявию демократӣ талош варзед ва номбардори ин Ватан ва хоки муқаддаси ниёгони хеш бошед.

Ман боварии комил дорам, ки Шумо ҳамчун офарандаи зиндагиву зебоӣ, бақои меҳру муҳаббат ва чароғи хонадон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон фаъолона ширкат варзида, ба хотири пешрафти давлатамон дар ҳифзи саломатии аҳолии кишварамон рисолати созандагии худро бо садоқату устувории модаронаи худ идома медиҳед.

Бо ҳамин умеду орзуҳои нек, шумо, модарону бонувони арҷмандро бори дигар ба муносибати ҷашни фархунда — Рӯзи модар табрик гуфта, ба ҳар кадоми шумо ва ба ҳамаи бонувону хоҳарони мамлакат тандурустиву саодатмандӣ ва дар ҳаёти оилавиатон меҳру муҳаббат, бахту иқболи нек ва рӯзгори ободу осуда орзу менамоям. Идатон муборак модарони азиз!

Баъди шунаидани табриикоти роҳбарият  аз тарафи кормандони зерқисмҳои Маҷмаа дар васфи зан модар шеъру сурудҳо қироат карда шуданд, ки ҳусни чорабиниро ранги дигар бахшид. Дар охири чорабинӣ аз тарафи роҳбарияти Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” ба модарон тӯҳфаҳои хотирмон супорида шуд.