Соли 27-ум аст, ки миллати тоҷик бо як ифтихори баланд рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро истиқбол мегиранд.
Дар ҳақиқат ҳам ҳар сол хоставу нохоста кас мехоҳад, таърихи таъсиси Артиши миллиро варақ занад, роҳи тайкардаи қариб 27 солаи онро пеши назар орад. Ва ин ёдкард хуб аст, чун наслҳо бояд донанд, ки Артиши миллии мо дар кадом шароит бунёд шуд ва тӯли ин муддат то куҷо рушд кард ва таҷриба омӯхт.
Имрӯз аҳли кормандони Муассисаи давлатии маҷмааи тандурустии “Истиқлол” бахшида ба рӯзи Артиши миллӣ ба ҳам омаданд. Директори Муассисаи мазкур Абдуллозода Ҷ.А. сараввал аҳли нишастро ба ин санаи фархунда табрику таҳният намуданд ва иброз доштанд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар миёни нерӯҳои ҳарбии ҳамаи кишварҳои ҳамсоя таҷрибадортар аст, чун як ҷанги дохилии ҳудудан панҷсоларо ҳам пушти сар гузошт. Замоне, ки бо мухолифони мусаллаҳ меҷангид, басо таҷрибаҳои ҷангиро низ омӯхт ва имрӯз онро таклим медиҳад. Ҳамаи мову шумо огоҳ ҳастем, ки Афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори мухолофати дохилӣ (1992-1997) қарзи ватандории хешро садоқатмандона иҷро намуда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, таъмини сулҳу субот ва безарар гардонидани гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ рисолат худро ба таври шоиста адо карданд.
Ҳамчунин Раиси иттиффоқи касабаи Маҷмаа Акбаров Саидаъзам дар суханронии худ иброз дошт, ки то соли 1997 Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз се навъи асосӣ, Қӯшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ- ҳавоӣ ва Қӯшунҳои мудофиаи зидди ҳавоӣ иборат буд. Ба ғайр аз ҷузъу томҳои тобеи навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳамзамон дар тобеияти Вазорати мудофиа қисму воҳидҳои низомии алоҳида низ фаъолият менамоянд. Аз ҷумлаи онҳо Литсейи ҳарбӣ, Донишкадаи ҳарбӣ, Полки комендантӣ, қисмҳои ҳарбии таъминотӣ ва дигар идораҳои ҳарбӣ мебошанд, ки аксари онҳо аз солҳои аввали ташкилёбии Артиши миллии Тоҷикистон таъсис ёфта, вобаста ба иҷрои вазифаҳои соҳавӣ корҳои зиёдеро амалӣ менамоянд. Дар навбати дигар Сардори бахши илм академик Каримхон Муродович бори дигар ҳозиринро табрик намуда, ба муҳофизони ин сарзамини кӯҳанбунёд дар самти ҳифзи марзу буми кишварамон барои идомаи фаъолияти минбаъдаашон барору комёбиҳои беназирро таманно намуданд.
Дар охир роҳбарияти Муассисаи давлатии маҷмааи тандурустии “Истиқлол” ба хотири арҷ гузоштан ба собиқадорони соҳа ба онҳо ифтихорнамаҳои фахрӣ ва тӯҳфаҳои хотирмон тақдим намуданд.