ЧОРАБИНӢ БА МУНОСИБАТИ 28-УМИН СОЛГАРДИ РӮЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ЧОРАБИНӢ БА МУНОСИБАТИ 28-УМИН СОЛГАРДИ РӮЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

          Дар Муассисаи давлатии маҷмааи тандурустии “Истиқлол” ба муносибати 28-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид.

Директори Муассисаи давлатии маҷмааи тандурустии “Истиқлол” Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло, ҳозиринро ба муносибати 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  шодбош гуфта, иброз дошт, ки Истиқлолият неъмати бебаҳо, мояи ифтихор, манбаи худшиносӣ, сарчашмаи нерубахш ва омили бунёдии таҳкиму тақвияти пояҳои давлатдории миллии мо мебошад.

Ҳамаи мову шумо хуб огоҳ ҳастем, ки дар солҳои аввали истиқлолият кишвари азизи мо бар асари фитнаву дасисаи душманони миллат ба зарбаи даҳшатноку ҳалокатборе гирифтор шуд. Дар он айёми фоҷиабор аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани давлати ҷавони тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик ба як воқеияти талхи рӯз табдил ёфта буд.  Вале, хушбахтона, мардуми кишвар дар атрофи Ҳукумати қонунӣ ва фарзандони бонангу номуси худ муттаҳид шуда, ягона роҳи дурусти таърихӣ, яъне эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявиро пеш гирифтанд.

          Ҳарчанд, ки бисёр мушкилу тӯлонӣ буд, вале бо дастгириву пуштибонии самимонаи абармардони ин миллат оташи ҷанги таҳмилии бародаркуш хомӯш карда шуд, сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати миллӣ барқарор, рамзҳои давлати соҳибистиқлол қабул гардиданд ва барои рушди ояндаи давлат, ташаккули ҳисси миллӣ ва худшиносиву худогоҳии мардум заминаҳои мусоид муҳайё карда шуданд.  Имрӯз бо қаноатмандӣ изҳор медорем, ки дар он айёми сангину ҳассос роҳи интихобкардаи халқи Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфт, зеро он роҳ ба сӯи пешрафт ва бунёди ҷомеаи мутамаддин буд.

Дар солҳои баъдӣ Тоҷикистони соҳибистиқлол бо қабули як қатор барномаҳои давлатӣ ва консепсияву стратегияҳои миллӣ ба шоҳроҳи рушди устувор ворид гардид. Ҳамзамон бо ин, татбиқи ислоҳоти фарогир дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва давлат, корҳои бунёдкориву созандагӣ, яъне сохтмону таҷдиди инфрасохтори истеҳсоливу иҷтимоӣ, иншооти энергетикӣ, роҳу нақлиёт ва дигар иқдомоти созанда вусъат пайдо карданд.

          Таърихи башар собит намудааст, ки ҳифзи истиқлолияту озодӣ кори бисёр сангину душвор мебошад. Аз ин лиҳоз, ҳар фарди бонангу номуси кишвар бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо расад ва барои ҳимояи ин дастоварди бузурги таърихӣ ҳамеша омода бошад.
Муҳимтарин вазифаи шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандии ҳар як сокини мамлакат, аз он иборат аст, ки Тоҷикистони азизамонро сидқан дӯст доранд ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.

Имрӯз ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва заҳмати содиқонаву софдилона барои рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва болоравии нуфузу обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ вазифаи ҳар шаҳрванди ватандӯст ва бонангу номуси кишвар мебошад, чунки ояндаи ободи сарзамини аҷдодиамон аз ин омилҳо вобастагии мустақим дорад.