Боздиди сарони давлатҳои Тоҷикистону Беларус аз Корхонаи муштараки Тоҷикистону Беларус – Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Агротехсервис» дар шаҳри Ҳисор 29.09.2018 12:05, шаҳри Ҳисор

Боздиди сарони давлатҳои Тоҷикистону Беларус аз Корхонаи муштараки Тоҷикистону Беларус – Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Агротехсервис» дар шаҳри Ҳисор 29.09.2018 12:05, шаҳри Ҳисор

Рӯзи 29-уми сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко дар шаҳри Ҳисор марҳилаи дуюми корхонаи муштараки Тоҷикистону Беларус – Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Агротехсервис»-ро  ба кор андохтанд.

Дар ин корхонаи муштарак асосан трактор ва дигар таҷҳизоти соҳаи кишоварзӣ васлу насб карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки марҳилаи аввали ин корхона моҳи майи соли 2018 бо иштироки сарони давлатҳо-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, он дар як сол имкони васлу насби 620 тарактори гуногунтамға ва дигар таҷҳизоти соҳаи кишоварзиро дошт.

Ба сарони давлатҳо иттилоъ дода шуд, ки дар давоми 4 моҳи фаъолият дар ин корхона 206 техникаву таҷҳизоти кишоварзӣ, аз ҷумла трактори тамғаи «Беларус 82.1″ 48 адад, ядакҳо 29 адад, испор 113 адад, сихмола 2 адад, тойбанд 16 адад ва заҳрпошак 2 адад васлу насб карда шуд.

Қаблан барои истеҳсоли таҷҳизоти тракторҳои «Беларус- 80.1», «Беларус-82.1», «Беларус-952» ва васлу насби ядак (прицеп) ва дигар механизмҳое, ки дар соҳаи кишоварзӣ истифода мешаванд миёни ҶСП «Агротехсервис», Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Заводи тракторбарории Минск» ва ширкати «Бобруйскагромаш» шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расида буд ва ҷиҳати ба кор андохтани марҳилаи дуюм бо ширкатҳои номбурда барои истеҳсоли таҷҳизоти тракторҳои «Беларус 80Х» ва «Беларус 512» иловатан шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

Инак бо мавриди баҳрабардорӣ қарор додани навбати дуюми Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Агротехсервис» иқтидори пурраи он дар як рӯз ба 6 трактори гуногунтамға баробар гардид. Таъкид карда шуд, ки аз ин пас мутобиқ ба талаботи хоҷагиҳои кишоварзӣ имкон аст дар ин корхона дар як сол беш аз 1700 трактори гуногунтамға васлу насб карда шавад. Истеҳсоли солонаи дигар таҷҳизоти кишоварзӣ аз ҷумла ядак (прицеп) ба 2600 адад баробар гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко аз ҷараёни васлу насби тракторҳо дар сехи калонтарини корхона, ки бо се хати васлу насби техникаҳои кишоварзӣ фаъолият менамояд шинос шуда, бо кормандони он суҳбат намуданд ва ҳамчунин санҷиши техникии аввалин тракторҳои истеҳсолшавандаро назорат карданд.

Масъулон нақша доранд дар оянда ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Афғонистон низ тракторҳо ва дигар таҷҳизоти кишоварзии дар ин корхона истеҳсолшавандаро содирот намоянд. Аз ин хотир яке аз хатҳои васлу насби техникаҳои кишоварзӣ ба содирот нигаронида шудааст.

То имрӯз дар корхонаи мазкур 50 нафар мутахассисон фаъолият доштанд ва баробари ба кор андохтани марҳилаи дуюми он боз 50 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардида, шумораи умумии кормандон ба 100 нафар расонида шуд. Дар ин ҷо барои омода намудани мутахассисони соҳа шароити хуб муҳайё карда шудааст ва 4 нафар мутахассиси таҷрибадор аз Ҷумҳурии Беларус ба ин корхона даъват шуда, ба омӯзонидани кормандон машғул ҳастанд.

Инчунин дар ин давра 2 корманди ҶСП «Агротехсервис» дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Заводи трактрбарории Минск»-и Ҷумҳурии Беларус аз курси кутоҳмуддати омӯзишӣ гузаштаанд. Ҳамчунин давоми моҳҳои фаъолияти марҳилаи аввали корхона дар ин ҷо бинои марказии техникаҳои беларусӣ бунёд гардида, дар он намоишгоҳи доимӣ ташкил карда шуд. Имрӯз дар ин намоишгоҳ номгӯи гуногуни трактор ва дигар техникаву таҷҳизоти кишоварзӣ ба маъраз гузошта шудааст. Трактору дигар таҷҳизоти дар ин корхона васлу насбшаванда дар шароити Тоҷикистон омӯхта шудааст ва барои истифода дар корҳои кишоварзӣ басо мувофиқ аст.

Бояд тазакур дод, ки муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Беларус сол то сол рушду густариш пайдо менамояд ва фаъолияти корхонаи муштараки Тоҷикистону Беларус – Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Агротехсервис» дар шаҳри Ҳисор, ки аз ҳар ҷиҳат манфиатовар аст, намунаи олии муносибатҳои тиҷоратии ин ду кишвари ба ҳам дӯст мебошад.