Боздиди ҳайати фарҳангӣ-соҳибкории Душанбе ва Санк-Петербурги Федератсия Росия аз рафти хизматрасонҳои тиббии МТИ

Боздиди ҳайати фарҳангӣ-соҳибкории Душанбе ва Санк-Петербурги Федератсия Росия аз рафти хизматрасонҳои тиббии МТИ

Бо мақсади беҳтар намудани  вазъи саломатии аҳолӣ, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо  созмонҳои байналхалқӣ даҳҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқии аҳамияти муҳимдошта,  ба монанди  қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи тибби оилавӣ», Консепсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҷдиди сохтори беморхонаҳо барои солҳои 2006-2010, Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббию фармасевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолии ноҳияҳои таҷрибавӣ бо кӯмаки тиббию санитарӣ барои солҳои 2010-2011, Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020, Нақшаи стратегии таҷдиди муассисаҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 таҳия ва тасдиқ карда шуданд.

Бояд зикр намуд, ки яке аз самтҳои асосии дигари рушди ҳар соҳае робитаҳои байналмилалӣ ва ҳамкории дуҷонибаи тарафайн ба ҳисоб меравад.  Дар ҳамин замина ҳайъати фарҳангӣ-соҳибкории Душанбе ва Санк-Петербург ва мутахассисони соҳаи тиббии Санк-Петербурги Федератсияи Росия санаи 24-уми сентиябри соли равон аз рафти хизматрасониҳои Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” дидан намуданд. Сипас дар толори калони МТИ ҷамъомад баргузор гардида, меҳмонон оиди ҷарроҳии байни навзодон дар рӯзҳои аввал фаҳмондадиҳи гузарониданд.

Баъди гуфтушуниди манфиатбори тарафайн машғулиятҳои амалӣ дар самти бемориҳои ҷарроҳии кӯдакона гузаронида шуд.

Ҳамин тариқ дар санаи 26-уми сентиябр ҳайати фарҳангӣ-соҳибкории Душанбе ва Санк-Петербург  бо роҳбарии Ноиби губернатори шаҳри Санк-Петербург  Анна Митянина ва муовини Раиси шаҳри Душанбе М.Муинӣ инчунин Сардори Раёсати тандурустии ш.Душанбе Шарифзода Хушвақт Саид ба МТИ ташриф оварданд. Меҳмонон аз қисми ташхисгоҳ, ҳуҷраи томогрофияи компютерӣ, ҳуҷраи техникӣ, томографияи компютери ва рентген, ҳуҷраи муоинаи мамографи, идорагоҳ, шуъбаи ангоигрофия, қисми ҷарроҳии нақшавӣ, ҳуҷраи баъд аз ҷарроҳӣ, толори осебшиносию радодӣ, толори ҷарроҳии асаб, толори ҷарроҳии умумӣ, ҳуҷраи ҷарроҳии дилу рагҳои хунгард, шуъбаи наҷот ва муолиҷаҳои оҷил, толори варзишӣ, ташхиси фаросавтӣ, озмоишгоҳи клиникӣ  ва биокимиёвӣ инчунин аз қисми тавалудхона ва қисми соматикии кӯдакона дидан намуданд. Губернатори шаҳри Санк-Петербург Анна Миянина дастгоҳу таҷҳизотҳои тибии наспшударо нодиртарин муарифи карда ба сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббии МТИ баҳои баланд доданд.  Қайд кардан лозим аст, ки ҳануз дар марҳилаи сеюми ислоҳоти тандурустӣ ба ҷараёни устувори ҷалби маблағҳои ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ, бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вусъат бахшидан ба дигаргунсозиҳои соҳа замина гузошта шуд. Дар ин давра дар татбиқи ислоҳоти соҳа Маркази идораи лоиҳаи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ — Бонки Осиёии Рушд, Маркази ҳамоҳангсозии Лоиҳа оид ба ислоҳоти кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ — Бонки  Умумиҷаҳонӣ, Лоиҳаи Тоҷикистону Швейтсария оид ба  ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ва дастгирии тибби оилавӣ (Лоиҳаи Сино), Лоиҳаи Здрав Плюс, Хазинаи Оғо Хон, Хазинаи Глобалӣ, Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, Хазинаи кӯдакони СММ, Лоиҳаи HOPE, Бонки рушди Олмон, Фонди миллии иҷтимоии инвеститсионии Тоҷикистон, Каре интернешнл, Каритас, Сафорати Ҷопон  ва дигарон саҳми арзанда гузоштаанд.