Боздид аз токзори навбунёд ва боғи интенсивӣ дар хоҷагии деҳқонии “Олами ангур” дар ноҳияи Ашт 15.09.2020 11:06, ноҳияи Ашт

Боздид аз токзори навбунёд ва боғи интенсивӣ дар хоҷагии деҳқонии “Олами ангур” дар ноҳияи Ашт 15.09.2020 11:06, ноҳияи Ашт

15 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Ашт дар деҳоти Ошоба аз токзори навбунёд ва боғи интенсивӣ дар хоҷагии деҳқонии “Олами ангур” боздид намуданд.

Токзор ва боғи интенсивӣ дар ноҳияи Ашт аз ҷониби бародарон — соҳибкорон — Зайналобиддин, Толибҷон ва Бахтиёр Махсудҷоновҳо дар доираи дастуру ҳидоятҳои ҳамешагии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи мақсадноку пурсамари замин ва ба гардиш даровардани заминҳои бекорхобида бунёд карда шудааст.

Масоҳати боғи навбунёд дар маҷмӯъ 15 гектарро дар бар мегирад ва дар се гектари он 1500 адад ниҳоли бодоми навъи аъло шинонида шудааст.

Дар умум теъдоди ниҳолҳои боғи нав 21 ҳазор ададро ташкил медиҳад.

Ниҳолҳои токро таъсисдиҳандагон аз хориҷи кишвар, аз ҷумла давлатҳои Амрико, Аврупо, Россия, Украина, Туркия ва Чин дар асоси тавсияи мутахассисони соҳа ворид кардаанд.

Аснои боздиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ин боғи интенсивӣ иттилоъ дода шуд, ки аллакай дар соли дуюм 15 намуди ниҳол нишон додааст, ки ба иқлими минтақа мувофиқанд ва аз онҳо ҳосили зиёд ба даст овардан мумкин аст.

Дар соли равон аҳли хоҷагӣ аз як бех ток то 10 килограмм ва дар маҷмӯъ 1,5 тонна ҳосилро интизоранд.

Аз ин боғ навъи ангури кишмиш ва тоифӣ ҷамъоварӣ ва ба бозор бароварда шуд.

Дар токзори навбунёд зиёда аз 52 навъи ангур, аз ҷумла тоифӣ, ҳусайнӣ, кишмиши сиёҳ, шоҳона, эмир, ризомат ва ғайра парвариш меёбад, ки аксаран содиротӣ мебошанд.

Обёрии боғи навбунёд бо усули қатрагӣ сурат мегирад ва бо ин мақсад чоҳи амудӣ кофта шудааст.

Бино ба гуфти боғпарварон ва мутахассисони соҳаи кишоварзӣ бунёди боғҳои интенсивӣ дар шароити имрӯза барои сарфаи об ва боло бурдани сифату ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мусоидати фаъол мекунад.

Дар боғи нави интенсивӣ дар хоҷагии деҳқонии “Олами ангур” 13 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, зиёда аз 50 нафари дигар ба таври мавсимӣ ба кор ҷалб карда мешавад.

Боғу токпарварӣ яке аз соҳаҳои асосии бахши агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, иқлими мусоиди минтақаҳои мамлакат имконият медиҳад, ки майдони боғу токзор бо истифода аз ниҳолҳои серҳосил ҳамасола зиёд карда шавад ва бо ин роҳ талаботи аҳолӣ ва корхонаҳои коркард бо ашёи хом пурра таъмин гардад.

Дар ноҳияи Ашт майдони боғу токзор зиёда аз 16 ҳазору 390 гектарро ташкил медиҳад ва хоҷагидорон ҳамасола бо талошҳо дар роҳи расидан ба таъмини амнияти озуқаворӣ масоҳати боғҳои содиротиро зиёд мекунанд.

Аҳли заҳмати хоҷагии “Олами ангур” бо дарки баланди маданияти истифодабарии замин дар зери ниҳолони ток кишти зироати гуногун, аз ҷумла тарбузро ба роҳ мондаанд.

Дар кишти такрорӣ дар ин заминҳо мош корида шудааст.

Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки наздики 100 ниҳоли повлония, ки аз давлати Украина ворид карда шудааст, ҳамчун таҷриба дар боғ парвариш меёбад.

Повлония дар соли аввали парвариш то 3-4 метр ва дар солҳои баъдӣ аз 8-9 метр қат мекашад ва ангурро аз гарду ғубор ҳифз менамояд.

Ин навъи ниҳол баробари зебоӣ ҳамчунин дар муддати кӯтоҳ барои истифода дар сохтмонҳо омода мегардад.

Тавре таъкид гардид, гулкунии повлония то як моҳ идома мекунад ва ба гуфти мутахассисон аз 1 гектари он занбӯрпарварон метавонанд то 700 килограмм асал ба даст оваранд.

Соҳибкорони ватанӣ дар оянда нақша доранд, ки дар назди хоҷагӣ корхонаи коркарди маҳсулотро низ ба роҳ монанд ва бад-ин васила ҷойҳои кориро зиёд ва дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат саҳми назаррас гузоранд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз боғи навбунёд иқдоми соҳибкорони ватаниро барои саҳм гузоштан дар рушди соҳаи боғу токпарварӣ, ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ бо меваю ангур, афзун намудани ҳаҷми содироти маҳсулот ва таъмини яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар — амнияти озуқаворӣ намуна арзёбӣ намуда, барои истифодаи пурсамару мақсадноки заминҳои корам ва ба гардиш даровардани заминҳои бекорхобида ба масъулон дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.