Барномаи Форуми байналмилалӣ оид ба ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Корея

Барномаи Форуми байналмилалӣ оид ба ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Корея

Рӯзи 28-ми сентиябр дар Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” Форуми байналмилалӣ оид ба ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар соҳаи тандурустӣ бо Ҷумҳурии Корея баргузор гардид.

Дар форуми мазкур Насим Олимзода,  вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саида  Умарзода,  муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Ча Сун До,  Президенти Ассотсиатсияи «МЕДИСИТИ_ТЭГУ» -и Ҷумҳурии Корея, намояндагони тадорукоти Форуми ҳамкории Корея бо давлатҳои Осиёи Марказӣ, намоядагони Ассотсиатсияи дӯстии  Корея бо давлатҳои Осиёи Марказӣ, намонядагони   Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин роҳбарият ва ходимони идораҳои мухталифи  Вазорати  тандурстӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Дар оғози чорабинӣ вохӯрии дуҷониба байни вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода ва Президенти Ассотсиатсияи «МЕДИСИТИ_ТЭГУ» -и Ҷумҳурии Корея Ча Сун До сурат гирифт.

Дар вохурии мазкур аз ҳамкориҳои дуҷониба дар самти тандурустӣ изҳори қаноатманди карда шуда сипас дар анҷоми қабули Эъломияи Форум  ба имзо расонии Барномаи якҷояи ҳамкорӣ байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи «МЕДИСИТИ-ТЭГУ»-и Ҷумҳурии Корея сурат гирифт.

Сипас дар чорабинии мазкур   вобаста ба  вазъи имрузаи соҳаи тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея гуфтушунид сурат гирифта аз ҳамкориҳои Тоҷикистону Корея дар самтҳои мухталиф аз ҷумла дар соҳаи тандурустӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Зимни баромади хеш Насим Олимзода ба имзо расонии Барномаи якҷояи ҳамкорӣ байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи «МЕДИСИТИ-ТЭГУ»-и Ҷумҳурии Кореяро дар густариши ҳамкориҳо муҳим арзёбӣ намуд. Ҳамзамон Насим Олимзода иброз намуд, ки; “баргузории нахустин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Корея оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ, ки он соли 2017 дар шаҳри Сеул баргузор гардид,  боз як имконият барои рушди ҳамкории дуҷониба бо Ҷумҳурии Корея дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ду кишвар мегардад ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст, ки ҳамкориро дар самтҳои мубодилаи таҷриба оид ба ворид намудани усулҳои нави табобати баландихтисоси тиббӣ, ҳамкорӣ дар самти иттилоот ва ахборот оид ба таҷрибаи пешрафтаи Ҷумҳурии Корея дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо ширкатҳои фарматсевтии Ҷумҳурии Корея ва дар самти  мубодилаи иттилоот оид ба вазъи эпидемиологии ду кишвар ба роҳ монад. Бо ташаббуси Ҷамъияти дӯстии Корея бо кишварҳои Осиёи Марказӣ баимзорасонии “Ёддошти тафоҳум байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Тэгу-и Ҷумҳурии Корея оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ” пешниҳод шуда, баимзорасии санади мазкур барои рушди ҳамкории мутақобилан судманди дуҷониба дар соҳаи тандурустӣ бо Ҷумҳурии Корея  заминаи мустаҳкам мегузорад”. Инчунин намояндагони Ассотсиатсияи «МЕДИСИТИ-ТЕГУ»-и Ҷумҳурии Карея ва иштирокчиён аз Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла Директори Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» Абдуллоев Ҷ.А. оиди дастовардҳои соҳаи тандурустӣ дар самти истифодаи технологияҳои нав дар МТИ суханрои карданд.

Дар охири чорабинӣ намонядагони Ҷумҳурии Корея аз усулҳои табобат ва техникаву таҷҳизоти тиббии Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” дидан намуда ба вазъи   хизматрасонии ин муассисаи тибби баҳои баланд доданд.