Имрӯз бахшида ба Рӯзи Модар дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” бо иштироки аҳли кормандон, ҳамшираҳои шавкат, занони фаъол ва собиқадори меҳнати соҳаи тандурустӣ барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид.
Ҷамъомади идонаро Раиси иттифоқи касабаи маҷмаа Акбаров С.С. ифтитоҳ намуда, аз номи директори Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” номзади илмҳои тиб Рустамзода Хуршед бонувони Маҷмаа ва дар симои онҳо ҳамаи модарони кишварро бо иди зебоиву баҳор, рузи Модар табрику таҳният гуфта, ба онҳо саломативу сарбаландӣ ва хонадони ободро таманно намуданд.
Сипас сухани табрикӣ ба муовини директори Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” номзади илмҳои тиб Рустамова М.С. дода шуд.
Мавсуф нақши занони тоҷикро дар татбиқи ҳадафҳои миллӣ ва бунёдкоронаи Давлату Ҳукумати Тоҷикистон бузург арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки Зан-Модар сарчашмаи меҳру вафо, офарандаи зиндагӣ ва тарбиятгари фарзандон буда, новобаста ба пастиву баландиҳои зиндагӣ рисолати худро дар тамоми давру замон сарбаландона иҷро менамояд.
Таъкид карда шуд, ки Давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳи иштироки онҳо дар фаъолияти мақомоти давлатӣ, фароҳам овардани шароит барои донишомӯзӣ ва касбомӯзии занону духтарон ва ба шуғли доимӣ фаро гирифтани онҳо, такмили механизмҳои таъмини дастрасии занон ба захираҳои иқтисодӣ ва рушди соҳибкории занон тавассути ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок ва грантҳои давлатӣ аз ин дарак медиҳад.
Баъд аз таманиётҳо аз тарафи роҳбарияти Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” ба бонувони Маҷмаа тӯҳфаҳои хотирмони идона ва ифтихорномаю сипосномаҳо тақдим карда шуд.
Дар охир баҳри иштирокчиёни чорабинӣ аз ҷониби маъмурияти Маҷмаа барномаи фарҳангиву фароғати тақдим гардид.