Ба Тоҷикистон 868 ҳазор вояҳои ваксинаҳои зидди сирояти COVID-19 ворид гардид

Ба Тоҷикистон 868 ҳазор вояҳои ваксинаҳои зидди сирояти COVID-19 ворид гардид

Шаби 5 декабри соли равон бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи грантии Бонки Осиёии Рушд (БОР) ва бо мусоидати механизми КОВАКС 546 ҳазор воя ваксинаи “КоронаВак” ва дар доираи барномаи тақсимоти одилонаи вояҳои ваксинаҳои зидди COVID- 19 ҳамчун кӯмаки башардӯстона аз ҷониби кишварҳои Австрия 150 ҳазор воя ваксинаи “АстраЗенека”, Маҷористон 50 ҳазор воя ваксинаи “АстраЗенека”, Хорватия 122 ҳазор воя ваксинаи “Модерна” ва дар маҷмӯъ 868 ҳазор вояҳои ваксинаҳои зидди сирояти коронавируси нави COVID-19 тавассути Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) вориди Тоҷикистон гардиданд.

Дар маросими қабули вояҳои ваксинаҳои макзур дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон, Консули Маҷористон дар Тоҷикистон, Бонки Осиёии Рушд ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.

Тавре зикр гардид, ворид гардидани вояҳои ваксинаҳои мазкур баҳри боз ҳам ҷоннок намудани маъракаи иммунизатсия бар зидди сирояти COVID-19 дар миёни сокинони кишвар мусоидат хоҳанд намуд.

Бояд гуфт, ки аз оғози маъракаи иммунизатсия бар зидди сирояти COVID-19 то ба имрӯз дар ҳудуди кишвар 3 миллиону 118 ҳазору 210 нафар (53,5%) бо вояи якум ва бо вояи дуюм 2 миллиону 641 ҳазору 449 нафар (45,3%) ба ваксинатсия зидди сирояти мазкур фаро гирифта шудаанд.

Маврид ба зикр аст, ки то ба имрӯз ба Тоҷикистон 7 миллиону 705 ҳазору 200 воя ваксинаи зидди бемории COVID-19 ворид гардидааст.