Ҷарроҳии гиперплазияи хушсифати ғадуди простата (аденома).

Ҷарроҳии гиперплазияи хушсифати ғадуди простата (аденома).

Имрӯз дар Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” – Мақомоти иҷроияи ҳокимиятии давлатии шаҳри Душанбе дар ҳошияи ҳамкориҳои мутақобила бо мутахассисони Федератсияи Россия нахустин ҷарроҳии гиперплазияи хушсифати ғадуди простата (аденома) гузаронида шуд. Ҷарроҳии мазкур бо дастури роҳбарияти муассиса ва ҳамоҳангии мутахассисони маҳаллӣ бо мутахассисони хориҷа бо истифодаи самаранок аз шароитҳои  мавҷуда ва технологияи ҳозиразамон роҳандозӣ гардида, раванди амалиёт пас аз як ҷаароҳҳӣ пурра аз ҷониби мутахассисони МТ “Истиқлол” сурат гирифт.

Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимиятии давлатии шаҳри Душанбе ҷарроҳӣ дар навбати аввал комилан ройгон ба роҳ монда шуд ва тибқи нақша зиёда аз 12 бемории ғадуди простата бояд ҷарроҳӣ карда шавад.

Мутахассисони тоҷик изҳор доштанд, ки ҳамкориҳои судманд имкон медиҳад савия ва малакаи мутахассисони маҳаллӣ рушд ёбад ва аз ин ба баъд ин гуна ҷарроҳиҳо дар Тоҷикистон пурра аз ҷониби мутахассисони тоҷик гузаронида шавад.