Ҷарроҳии буғумивазкунии сунъӣ  дар зани 92 сола.

Ҷарроҳии буғумивазкунии сунъӣ  дар зани 92 сола.

Кадкина Раиса Петрововна пас аз як садамаи хурд ба дарди буғуми гарданаки рони рост мубтало гардид. Номбурда дар натиҷаи як амалиёти ҷарроҳӣ  сиҳат гардида, аллакай ба воситаи асо роҳ мегардад.

Дар ҳоле, ки Кадкина Раиса Петрововна 92 сол дорад, пештар ин гуна бемориҳо инсонро аз сабаби зиёд бистарӣ шудан, ба оризаҳои монанди яғири думба, пайдошавии бемории шуш ва норасогии рагҳои хунгард умуман ба ҳодисаҳои нохуш мубтало мегардонд.

Ҳангоми суҳбат, Кадкина Раиса Петрововна иброз доштанд, ки дар вақти осеб бардоштани пойҳоям ман онқадар боварӣ надоштам, ки саломатиям барқарор мегардад зеро сину солам ба ҷое расидааст. Аммо хушбахтона пешрафти илму техника ва аз ҳама муҳим малакаи касбии табибон ривоҷу равнақ ёфтааст, ки дар кутоҳтарин муддат ҷарроҳӣ гузаронида, боиси роҳ гаштанам шуд.

Бояд зикр намуд, ки чунин амалиёти ҷарроҳӣ аз сабаби набудани технологияҳои нодир қариб, ки гузаронида намешуд. Рушди чунин дастгоҳҳои муосир имкон дод, ки  мутахассисони МТИ  шахсони бо чунин нуқсон муроҷиаткунандаро амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида, саломатии онҳоро барқарор намоянд. Табибони МТИ дар самти мазкур дар сатҳи баланд муваффақ шуда, чунин ҷарроҳиҳоро новобаста аз сину сол минбаъд, низ идома медиҳанд.

Ҷарроҳӣ аз ҷониби табиби осебшинос ва раддодӣ Эсанов Сафармад Тағайбекович гузаронида шуд.