ҲАНГОМИ ХОБ ТО 1,5 МЕТР ДУР НИГОҲ ДОШТАНИ ТЕЛЕФОНИ МОБИЛӢ ХЕЛЕЛ МУҲИМ АСТ.

ҲАНГОМИ ХОБ ТО 1,5 МЕТР ДУР НИГОҲ ДОШТАНИ ТЕЛЕФОНИ МОБИЛӢ ХЕЛЕЛ МУҲИМ АСТ.

Олимони Созмони Умумиҷаҳонии тандурустӣ мегӯянд, ки тақрибан баъд аз 20 сол қурбониёни бемории саратон даҳҳо маротиба зиёд мешавад. Яке аз сабабҳои асосии он ин истифодаи нодурусти телефонҳои мобилӣ мебошад.

Дар замони муосир ҳамарӯза илм ва техника дар тамоми олам ба суръати кайҳони рӯшд мекунад ва таваҷҷӯҳи оламиёнро ба худ ҷалб намудааст. Дар ин баробар ҳар яке аз онҳо дар баробари ҳал кардани мушкилоти инсонҳо истифода мегардад ва моро ба мушкилоту оқибати ногуворе водор месозад. Яке аз он ин телефони мобилӣ мебошад, ки ҳамарӯза дар тамоми сайёра милиардҳо нафар аз он истифода бурда аз зарару оқибатҳои фоҷиабори он огоҳ нестанд.
Аввалин телефонҳои мобилӣ ҳанӯз соли 1983 ихтироъ гардида, бо суръати тез дар муддати кутоҳтарин сифат ва дизайни он тағир ёфт. Тариқи телефонҳои мобилии ихтироъи асри 21 метавон дар масофаи дуру наздик ҳамдигарро дидан, шунидан ва дигар намудҳои амалиётро ба анҷом расонидан, ҳамаи ин амалҳо, ки ба осони анҷом меёбанд тариқи мавҷҳои электрони гузаронида мешаванд. Аз ин лиҳоз суоле ба миён меояд?
Мавҷҳои электрони ба саломатии инсон зарар доранд ё на?
Мутахассисони соҳаи тиб ва созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ пайваста оид ба зарари истифодаи телефонҳои мобилӣ тадқиқотҳои худро мегузаронанд. Айни замон табибон ба он хулосаанд, ки истифодаи телефонҳои мобилӣ дар аввал ба мағзи сар ва чашм зарари худро мерасонанд.
Табибон ба он хулоса омаданд! шахсе, ки дар як рӯз ба муддати 15 дақиқа тариқи телефони мобилӣ суҳбат мекунанд, хатари ба бемории саратони асаб гирифтор шуданро дорад. Аммо тибқи таҳлилҳо одамон дар як рӯз бештар аз ду соат суҳбати телефони мекунанд. Аз ин ру баъд аз 20 сол гирифтори бемории саратони асаб то 20 маротиба афзош меёбад. Олими Амрико Элизабет Кардис баъд аз таҳлилҳои тулони ба хулоса омадааст: нафароне ки дар як рӯз 15 дақиқа тариқи телефонҳои мобилӣ суҳбат мекунанд, баъд аз 7 сол хатари бемории саратон дар онҳо то 12 фоиз меафзояд.
Аз ҳама хатаровараш он аст, ки зарари истифодаи телефонҳои мобили бештар ба кудакон, наврасон ва ҷавонон хатари ҷидди дорад, зеро аз овони кӯдаки истифодаи телефони мобилиро оғоз мекунанд, ки ҳануз организми онҳо дар айёми инкишоф зери таъсири мавҷҳои электрони ва химияви қарор дорад. Агар насли калонсол бо телефони мобилӣ дар синни балоғат шинос шуда бошад, айни замон истифодабарандаи телефони мобили кӯдакон мебошанд, ва ҷои тааҷуб нест, ки падару модарон бо майли том ба онҳо телефони мобилӣ мехаранд, то мунтазам воқиф бошанд, ки фарзандонашон дар куҷоянд ва бочи кор машғуланд. Огаҳи аз вазъи фарзандон хуб аст, вале организми обутобнаёфтаи кӯдак нисбат ба одами калонсол зарари бештар мебинад. Азбаски телефонҳои муоссир аз ҳад зиёд ба компютер шабоҳат доранд, аниси кудакон гаштаанд.
Дар ҳақиқат истифодаи аз ҳад зиёди он ба сиҳатии инсон зарар дорад. Мутахасисони соҳаи тиб низ ба ин ақида буда таъкид доранд, ки аз меъёр зиёд истифода кардани телефони ҳамроҳ одамро ба саратони майнаи сар ва дигар беморӣ гирифтор меанмоянд. Аммо ба ин нигоҳ накарда ширкатҳои бузурги телефонбарории ҷаҳон ҷиҳати бозҳам истеҳсоли телефонҳои нави мобилӣ бо барномаҳои ҷадид дар авҷи ихтироъи намудҳои нав мебошанд. Имрӯзҳо мо худро бе истифодаи мумтазами телефони мобили тасавур карда наметавонем. Ҳатто ҳангоме, ки дар суҳбат нестем телефони мобилиро бо худ доимо мегирем, ки бевосита ин омил низ зарари худро ба организми инсон мерасонад.
Тибқи нақшаи олимон афканишоти электромагнитӣ пеш аз ҳама барои он ба инсон аз ҳад зиёд хатарнок аст, ки он муддати зиёд аз худ ягон аломате нишон надода, дар паёмад ба организм самараи гӯшношунид ба бор меорад. Махсусан агар он ба узви муракаб ва ҳасос-мағзи сар алоқаманд бошад. Чунки тағйироти начандон калони мағзи сар метавонад ба тамоми организми инсон таъсири бузург расонад. Андешаҳои зиёде вуҷуд доранд, ки баъди таъсири афканишоти телефони мобилӣ дар мағзи сари инсон ҳодисаҳое рух медиҳанд. Андешаи аз ҳама муҳим бар асари истифодаи тӯлонии телефони мобилӣ имконияти ба вуҷуд омадани касалиҳои саратонӣ мебошад. Онро олимон дар натиҷаи таҷрибаҳои бешумори бо ҳайвонот ва одамон гузарониданашон пешниҳод намудаанд.
Телефони мобилӣ на танҳо ба сар, балки ба тамоми узвҳои бадан таъсир мерасонад. Ҳангоми танаффуси байни гуфтугӯҳо бисёре аз мо онро дар ҷайб, баъзан дар наздамон гузошта мехобем. Яъне сарчашмаи зиёди афканишоти электромагнитиро бевосита дар назди худ нигоҳ дошта, организмамонро ба сарбории гароне гирифтор мекунем, ки он боиси сустшавии на фақат системаи маркази асаб, балки пастшавии муқовиматпазирии организм ба ангезандаҳои берунӣ, бактерия ва вирусҳои касалиовар мегардад.
Месазад дар бораи он андешем, ки чӣ гуна худро аз ин хатар эмин дорем:
-ҳангоми харид бояд ба мавҷудияти сертификати мутобиқати ин ё он навъи телефони мобилӣ ва ба бузургии сатҳи тавоноии афканишоти элекромагнитӣ диққат диҳем;
-бе пеш омадани зарурат аз телефони мобилӣ истифода набарем;
-дар хона ва ё корхона аз телефони одии симдор истифода намоем;
-бештар аз SMS пайёмак истифода барем;
-истифодаи телефонҳои мобилӣ барои кӯдакон ва наврасони то 16-сола маҳдуд бошад;
-занҳои ҳомила аз давраи муқарар гаштани аломати ҳамл аз телефонҳои мобилӣ истифода набаранд;
-ҳар чӣ камтар бо телефон гуфтугӯ намоем, гӯшакҳои бесимро истифода намоем, аз рӯи имконият аз алоқаи овоздор истифода барем;
-кушиш намоем телефонро камтар дар ҷайбамон гузорем, беҳтараш онро дар сумка нигоҳ дорем;
-дар хона онро дар масофаи зиёда аз 70см аз худ дур гузорем, хусусан ҳангоми хоб то 1,5 метр дур нигоҳ доштани он хеле муҳим аст;
-дар дохили автомашина, нақб ва гаражи филузӣ бо телефони мобилӣ гуфтугӯ ҷоиз нест;

Мутахасисони соҳаи тиб тавсия медиҳанд, ки бояд кушиш кард суҳбатро тариқи телефонҳои мобили кутоҳ намуда, саломатии худ ва атрофиёнро ҳифз намуд. Ҳамзамон мушоҳида мегардад, ки то ҳанӯз кӯдакону наврасон ҳамроҳ телефони мобилӣ доранд ва бештари вақт дар ҷойҳои ҷамъияти ва дохили нақлиёт бо садои баланд гуфтугу намуда баъзеи дигарашон ҳаргуна мусиқиҳои баланд мемонанд, ки оқибат ба бемории ношунавои оварда мерасонад. Инчунин кӯдакон дар телефонҳои ҳамроҳи худ ҳаргуна амалҳои зуровариро ҷой карда, дар бештари маврид ҳамроҳ тамошо мекунанд, ки ба коста гардидани шуурнокии онҳо таъсири манфи мерасонад.

Мудири шуъбаи таҳлил, иттилоот, робитаҳои Байналмилалӣ ва рӯшд-и Муассисаи давлатии маҷмааи тандурустии «Истиқлол» Мирзоев Э.М.