Ҷамъомад бахшида ба рузи табибон

Ҷамъомад бахшида ба рузи табибон

18-ми август ба муносибати рӯзи кормандони тиб дар толори Муассисаи давлатии Маҷамааии тандурустии “Истиқлол” чорабинии тантанавӣ таҳти унвони ҷавонон пайрави Пешвои миллатанд баргузор гардид.
Дар мулоқот муовини Раиси шаҳри Душанбе М. Муинӣ ва як қатор намояндагон аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд. Дар оғози чорабинӣ намояндагон аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати хеш суханрони карда кормандони соҳаро бо ин рӯзи таърихӣ таҳният намуданд. Ҳамчунин муовини Раиси шаҳри Душанбе М. Муинӣ табрикоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо ба ҳозирин расонида, аз комёбию дастовардҳои назарраси соҳа ҳарф зад. Қайд карда шуд, ки нишони эътибори аҳли ҷомеа ба онҳоест, ки шабу рӯз баҳри ҳифзи саломатии мардум заҳмат мекашанд.
Аз ин хотир тазаккур бояд дод, ки давлату ҳукумат ҳамеша ба рушди соҳаи нигаҳдории тандурустӣ ва таъмини шароити моддиву маънавии коркунони тиб назари неку ояндабинона дорад.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе М. Муинӣ дар вазъияти тантанавӣ ба як қатор фаъолони кормандони тиб ва собиқадорони соҳаи тандурустӣ сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд. Сипас кормандони соҳаи Тандурусти бо қироати шеъру сурудҳои хеш, ки бозгуй аз фарҳангӣ бойю ғании тоҷикон буд хотири ҷамъомадагонро болида гардониданд.