Ҳамоиши табибони асабшинос дар МТИ

Ҳамоиши табибони асабшинос дар МТИ

Дар толори калони  Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” оиди бемории  “Вайроншавии гардиши хун дар майнаи сар” ва бемории “Алоими Гийен-Барре” ҷамъомад баргузор гардид.

Дар ҷамъомад сармутахассиси соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди бемориҳои асаб, д.и.т профессор Раҳимов Раҳматулло Азизович, ва Академики академияи илмҳои Федератсияи Россия, мудири кафедраи асабшиносӣ ва ҷарроҳии асаби Донишгоҳи давлатии тибии Санкт-Петербург ба номи И.П. Павлови Федератсияи Росия,  сармутахассиси соҳавии Санкт-Петербург, ходими шоистаи илми Федератсияи Россия президенти асатсиятсияи умумирасиявии тибби мануалӣ, барандаи ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Молдова д.и.т профессор Скоромец Александр Анисимович, инчунин  табибони асабшиноси шаҳру ноҳияҳои кишвар иштирок доштанд.

Дар оғоз Скоромец Александр Анисимович дар мавзӯи “Стратегияи муосири муолиҷаи беморон, норасоии шадид ва музмини хун гардиш дар мағзи сар” ҳарф заданд.

Сипас Раҳимов Раҳматулло Азизович Маърузаи хешро  бо номи “Сактаи майнаи сар дарди рӯз” оғоз кард.  Гуфта шуд, ки  Алоими Гийен-Барре яке аз бемориҳои вазнини системаи асаби атрофӣ ба ҳисоб меравад, ки дар сеяки ҳолатҳо чораҳои комплексии табобати интенсивӣ, инчунин дастгоҳи нафаси сунъиро талаб менамояд. АГБ аксар вақт сабаби фалаҷу нимфалаҷҳои атрофи мешавад. Назари махсуси асабшиносон нисбати АГБ дар давоми даҳсолаи охир тасодуфи нест. Ин беморӣ яке аз чандинҳо ва шояд ягона дар байни бемориҳои вазнини системаи асаб мебошад, ки ҳангоми табобати саривақтӣ ва тафриқашуда барқарорсозии пурраи беморон мушоҳида мешавад.

Тағироти назаррас дар бораи табиати АГБ, пеш аз ҳама муайян намудани хусусияти гетерогенӣ таъсис меёбад, ки дар зери як ном, як қатор унсурҳои гуногуни равиши клиникӣ ва патогенези беморӣ пинҳон аст. Инчунин оиди хусусиятҳои зоҳиршавӣ ва паҳншавии Алоими Гийен-Барре, сабабҳои беморӣ, табобат, ташхиси тафриқавӣ, ҳарф зада  шуд.