ҲАМОИШИ КОРМАНДОНИ ҶАВОНИ ТИБ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ

ҲАМОИШИ КОРМАНДОНИ ҶАВОНИ ТИБ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ

Тавре иттилоъ дорем,  санаи 31 августи соли 2020 дар Анҷумани 14 ғайринавбатии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон бо ҳамовозии амиқ номзадии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардид.

Дар ҳошияи Анҷумани баргузоргардида  имрӯз, 14 сентябри соли 2020 дар толори бинои асосии Донишгоҳи тиббии  Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо мақсади ҳамовозӣ аз муроҷиатномаи вакилони Анҷумани 14 Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ҷиҳати пешбарии номзади Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар интихоботи навбатӣ “Ҳамоиши кормандони ҷавони тиб ва ҳифзи иҷтимоӣ” доир гардид.

Зимни ҳамоиш Назарзода Ризо Шодӣ, муовини якуми раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон баромад намуда, номзади пешбаринамудаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистонро ҳамчун номзади арзандаву беназир ҷонибдорӣ намуд.

Дар охири ҳамоиш аз номи кулли кормандони ҷавони тиб ва ҳифзи иҷтимоӣ вобаста ба номзади пешбаринамудаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон изҳорот қабул гардида, иштирокчиёни ҳамоиш номзади Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамовозии дастаҷамъона дастгирӣ ва ҷонибдорӣ намуданд.