Имруз дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” ҷаласаи Шӯрои тиббии муассиса “Оид ба таҳлил ва натиҷагирӣ аз фаъолияти семоҳаи Маҷмааи тандурустии Истиқлол ва нақшаҳо барои семоҳаи дуюми соли ҷорӣ” баргузор гардид.
Ҷаласаро директори Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” номзади илми тиб, дотсент Рустамзода Хуршед ифтитоҳ намуданд.
Муҳтарам Раёсат, аъзоёни шурои тиббӣ, ҳамкасбон ва ҳозирини гиромӣ!
Иҷозат фармоед натиҷаҳои мухтасари фаъолияти Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқол”-ро дар 3 моҳаи аввали соли 2025 манзури Шумо намоям.
Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии “Истиқол” дар 3 моҳаи аввали соли 2025 фаъолияти худро тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон, ҳамзамон Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомали Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ монд.
Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” дар 3 моҳаи аввали соли 2025 самти фаъолияти худро дар асоси нақшаи корӣ ва:
- қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе, фармоишҳо ва қарорҳои ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе;
- Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” барои солҳои 2022-2023;
- Барномаҳои миллии соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ;
- самти заминаи моддию техникии Маҷмаа, тақвият бахшидан ба нерўи кадрӣ бо дастрас намудани таҷҳизотҳои муосири ташхисиву табобатӣ;
- баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ, коҳиш додани беморшавӣ, маъюбӣ, фавти беморхонавӣ, фавти умумӣ аз ҷумла фавти модару кўдакон ва беҳтар намудани саломатии наврасон;
- таҳия ва амалӣ намудани чорабиниҳо вобаста ба баланд бардоштани сатҳи тахассусии кормандони тиб (тавассути системаи мавҷудаи бозомузӣ ба баланд бардоштани сатҳи тахассусӣ), инчунин дар пойгоҳҳои клиникии беморхона: бо кормандони тиб баргузор намудани конфронс, семинар, ҷаласа, лексия ва баромадҳоро, ки ба воситаи онҳо кормандони беморхона аз усулҳои муосири пешгирӣ, ташхис ва табобат, инчунин таҷрибаи пешқадами муассисаҳои тиббии шаҳр ва ҷумҳурӣ бархурдор мегарданд;
- ташкили сафарҳои хизматии нақшавии табибон-мутахассисон ба муассисаҳои тиббии шаҳрӣ ҷиҳати расонидани кўмаки дастуриву ташкилӣ ва амалӣ ба ин муассисаҳо оид ба ташкили хизматрасониҳои тиббию пешгирӣ роҳандозӣ гардид.
Татбиқи барномаҳои миллии соҳавӣ ва стратегияҳо
Дар МД Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” доир ба 11 барномаҳои миллии соҳавӣ ва стратегияҳо нақшаи чорабиниҳо тартиб дода шуда, иҷроиши он аз ҷониби муовинони соҳавӣ ва мудирони шуъбаҳои табобатӣ амалӣ гардида истодааст.
Сиёсати ҳизбӣ
Дар МД Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” Кумитаи ибтидоии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон фаъолият менамояд, ки аъзоёни он то имрўз – 2543 нафарро ташкил медиҳанд,ки дар маҷмуъ 95%-ро ташкил менамояд. Дар 3 моҳаи аввали соли 2025 – 284 нафар ариза барои шомил шудан ба аъзои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон қабул гардид.
Сиёсати коргузорӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ
Пешбурд ва таъмини риояи тартиби коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигории маҷмаа тибқи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2017, №358 “Дар бораи Дастурамали намунавии коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ, муассиса, корхона ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ аз 4 сентябри соли 2017, №705 “Дар бораи Дастурамали коргузорӣ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ” ба роҳ монда шудааст.
Дар 3 моҳаи аввали соли 2025 ба Муассиса — 103 адад ҳуҷҷатҳои воридотӣ (аз ҷумла Раёсати тандурустӣ – 30, ВТҲИАҶТ – 9, дигар мақомотҳо — 64) ва 104 ҳуҷчатҳои содиротӣ (Раёсати тандурустӣ – 48, ВТҲИАҶТ – 22 ва дигарон — 34 адад ба қайд гирифта шудааст.
Ҳамзамон дар ин давра 12 арзу муроҷиати шаҳрвандон барои хизматрасонӣ ба қайд гирифта шудааст. Ҳамаи талаботи муроҷиати шаҳрвандон бо пуррагӣ қонеъ гардонида шуд.
Маблағгузорӣ
Дар 3 моҳаи аввали соли 2025 иҷроиши маблағҳои буҷавӣ – 99,1% ва иҷроиши суратҳисоби махсус бошад – 98,9% — ро ташкил мекунад.
Сиёсати кадрӣ
Дар муассиса 2873 воҳиди корӣ вуҷуд дошта, аз ин теъдод табибон — 667 воҳиди корӣ, ҳамшираҳои тиббӣ – 951,25 в/к, кормандони хурди тиб 772 в/к ва дигарон 482,75 воҳиди корироро ташкил медиҳад.
Дар муассиса аз 33 номзади илми тиб ва 4 (2 асосӣ, – 2 ҳамкор) доктори илм фаъолият менамоянд, ки аз номзадон 25 нафарашон кормандони асосӣ ва 8 нафарашон тариқи ҳамкор фаъолият доранд. Аз докторони илми тиб 2 нафарашон ҳамкор ва 2 нафарашон асосӣ мебошанд.
Аз ҷумла мутахассисони ҷавон 1136 нафар буда, аз онҳо 493 нафар табибон ва 643 нафарашон ҳамшираҳои тиббӣ мебошанд.
Дар 3 моҳаи аввали соли 2025 — 101 нафар корманд, аз ҷумла – 31 нафар табиб ва 29 нафар ҳамшираҳои тиббӣ ва 13 нафар корманди хурди тиб ва 28 нафар корманди маъмурӣ ба кор қабул карда шуданд. Дар баробари ин 50 нафар аз ҷумла 13 нафар табиб, 21 нафар ҳамшираҳои тиббӣ ва 8 нафар кормандони хурди тиб ва 8 нафар корманди маъмурӣ бо хоҳиши худ аз кор озод карда шуданд.
Дар 3 моҳаи аввали соли 2025 тибқи нақшаи такмили ихтисос (225 – 115 табиб ва 110 ҳамшираи тиб) — 28 нафар табиб — 47 нафар ҳамшираҳои тиббӣ курсҳои такмили ихтисосро гузаштанд. Берун аз ҷумҳурӣ – 6 нафар гузаштанд.
Дар семоҳаи аввали соли 2025 дар Маркази таълимию тамринии тибби 72 нафар курсҳои такмили ихтисосро (58 нафар кормандони миёнаи тиб (44 — МД МТ «Истиқлол», 7 — дигар муассисаҳои тиббӣ, 7 — муваққатан бекор) ва 14 нафар табибон (9 – МД МТ «Истиқлол», 3 — дигар муассисаи тиббӣ, 2 — муваққатан бекор) гузаштанд.
Сатҳи дараҷанокии касбӣ
Ҳамагӣ 715 нафар дараҷанокӣ доранд, аз ҷумла табибон – 233 ва ҳамшираҳои тиббӣ – 473 нафар. Дараҷанокии табибон 90% ва ҳамшираҳои тиббӣ 91,7%-ро ташкил медиҳад. Дар маҷмуъ дараҷанокӣ 92,4%-ро ташкил медиҳад. Ҳамагӣ 68 нафар дараҷанокӣ надоранд, аз ҷумла 25 табиб ва 43 нафар ҳамшираи тиббӣ дараҷанокӣ надоранд, ки аз ҳисоби мутахассисони ҷавон мебошанд. Аз рўи ҷинсият 472 нафари табибон ба мардҳо ва 1434 нафар ба занҳо рост меояд.
Қисми ташхисгоҳ
Қисми ташхисгоҳи Маҷмаа маркази тиббии бисёрсоҳа маҳсуб ёфта, фаъолияти он ба расонидани кўмакҳои машваратию ташхисӣ ба аҳолӣ равона карда шудааст. Дар озмоишгоҳи клиникӣ дар соли 2024 — 48131 амалиёти таҳлилӣ гузаронидааст. Аз ҷумла: таҳлилҳои клиникӣ – 9681;биокимиявӣ – 25578;иммуноферментӣ – 11581;таҳлилҳои бактериологӣ – 1291.
Шуъбаи ҷарроҳии рентген-эндоваскулярӣ дар 3 моҳаи аввали соли 2025 ба 689 нафар бемор амалиётҳои ташхисиву табобатӣ гузаронидааст. Дар шуъба дар дил ва рагҳои хунгард, амалиётҳои зерин гузаронида шудааст, аз ҷумла: коронография — 378, стентгузориии шараёнҳои коронарӣ – 284, вентрикулография – 10 нафар, маҳкамкунии нуқсони девори байни меъдачаҳо – 4, маҳкамкунии нуқсони девори байни даҳлезҳо — 6 нафар, маҳкамкунии нуқсони маҷрои кушодаи шарёнӣ – 4, валвулопластикаи дарғоти шараёни шушҳо – 2, стентгузории дарғоти шараёни шуш – 1.
Шуъбаи ташхиси нурӣ дар 3 моҳаи аввали соли 2025 — 6447 амалиётҳои ташхисӣ гузаронида шудааст, аз ҷумла: рентгенография – 3009, МРТ- 1114, КТ – 1016, ортопантография – 726, мамография – 22, денситометрия – 560.
Шуъбаи тибби сунатӣ ва клиникию машваратии қисми ташхисгоҳ Дар 3 моҳаи аввали соли 2025 ба шуъба 201 нафар кўдакони аз 20 рўза то 3 сола боло ба амалиёти хатна фаро гирифта шуданд. Шуъбаи ташхиси функсионалӣ дар 3 моҳаи аввали соли 2025 — 10100 амалиётҳои ташхиси функсионалӣ гузаронидааст, аз ҷумла, функсионалӣ – 3774 ва ташхиси фаросавтӣ – 6326 нафарро ташкил менамояд.Шуъбаи даруннигарӣ таҳқиқотҳои видеобронхоскопӣ, гастродуоденоскопӣ, фиброколоноскопиро барои кўдакон ва калонсолон мегузаронад. Дар 3 моҳаи аввали соли 2025 дар шуъбаи даруннигарӣ 320 намуди ташхисҳои даруннигарӣ (ЭГДС -187, ФБС – 17, ФКС – 35) гузаронида шудааст.
Шуъбаи варзишдармонӣ дар 3 моҳаи аввали соли 2025 – 1409 амалиётҳои тавонбахширо анҷом додааст, аз ҷумла: ЛФК – 701, маҳси муолиҷавӣ – 658, лазердармонӣ – 50н.Дар 3 моҳаи аввали соли 2025 ҷамъ дар Ташхисгоҳ ба 44735 нафар муроҷиаткунандагон 67297 амалиётҳои ташхиси таҳлили ва табобати гузаронида шудааст. Аз ҷумла бо пардохт – 34571 нафар, бо тариқи шартномавӣ — 2069 нафар, тариқи ройгон ба — 7991 нафар хизматрасонии тиббӣ расонида шудааст.
Дар шуъбаи паталогияи анатомӣ дар 3 моҳаи аввали соли 2025 — 78 нафар фавт ба қайд гирифта шудааст, ки 19 тои он фавти перинаталӣ мебошанд. Дар 3 моҳаи аввали соли 2025 4 ташреҳ ба қайд гирифта шудааст. Дар давоми соли 2024 ба шуъбаи анатомияи патологӣ оиди гузаронидани таҳлили патогистологӣ 485 адад маводҳои биопсикӣ гузаронида шудааст.
Хизматрасонии Маркази ёрии таъҷилии тиббӣ дар 3 моҳаи аввали соли 2025
Дар 3 моҳаи аввали соли 2025 дар Маркази ёрии таъҷилӣ 15820 даъвати ёрии таъҷилӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба 3 моҳи соли 2024 – 1042 даъват зиёд ба қайд гирифта шудааст.
Таҳлили иҷроиши кори катҳо дар қисмҳои табобатии маҷмаа
Дар 3 моҳаи аввали соли 2025 дар Маҷмаа 10726 нафар беморон бистарӣ гардида, сокинони деҳот 3714 (34,6%) ва шаҳр – 7012 (65,3%) нафар мебошанд. Дар ин давра фоизи иҷроиш аз рўи нақша 122,8%-ро ташкил намуд. Миқдор фавтидагон – 78 (0,7%) нафаррро ташкил медиҳад. Иҷроиши кори катҳо дар беморхонаи деҳоти Россия бошад 89,1%-ро ташкил мекунад.
Дар муқоиса нишондиҳандаи мазкур дар 3 моҳаи соли 2024 иҷроиш – 118,8% ва фавт — 58 (0,6%) нафарро ташкил намуда буд.
Дар 3 моҳаи аввали соли 2025 дар қисми соматикии кўдакон 3223 нафар бистарӣ гардида, аз ҷумла сокинони деҳот – 2130 нафарро ташкид доданд. Фоизи иҷроиши кори катҳо – 119,3%, фавт дар 7 (0,2%) ҳолат ва иҷроиши кори катҳо дар беморхонаи деҳоти Россия 61,8%-ро ташкил намуд.
Дар қисми соматикии кўдакон фоизи нисбатан пасти иҷроиши нақшаи кори катҳо дар шуъбаи эндокринология – 49,9% мушоҳида мешавад.
Дар муқоиса дар 3 моҳаи аввали соли 2024 дар қисми соматикии кўдакон фоизи иҷроиши нақша 109,4% ва дар беморхонаи деҳоти Россия 38,2%-ро ташкил намуда буд.
Дар 3 моҳаи аввали соли 2025 дар қисми ҷарроҳии кўдакон 1179 нафар кўдак бистарӣ гардиданд, ки аз он сокинони деҳот 411 нафар буданд. Фоизи иҷроиши нақша 72,7% ташкил намуда, 16 ҳолати фавт (1,4%) ба қайд гирифта шудааст. Нишондоди мазкур дар 3 моҳи соли 2024 70,4% ташкил дода, 8 (0,7%) ҳолати фавт ба қайд гирифта шуда буд.
Дар қисми ҷарроҳии кўдакон фоизи нисбатан пасти иҷроиши нақшаи кори катҳо дар шуъбаҳои: торакоабдоминалӣ – 74,5%, ҷарроҳии дилу рагҳо 13,4%, ШТСР – 36,7%, ҷарроҳии навзодон – 78,2% ҷарроҳии асаб – 47,1% ва ҷарроҳии барқарорсозӣ – 52,8% мушоҳида мешавад.
Дар 3 моҳаи аввали соли 2025 дар қисми бистаринамоии калонсолон 3103 нафар бистарӣ гардиданд, ки аз онҳо сокинони деҳот – 1459 нафарро ташкил намуд. Фоизи иҷроиши нақша 161,7% ва дар Беморхонаи ҷамоати деҳоти Россия — 103% ташкил менамояд. Дар 3 моҳи соли 2025 дар қисми бистаринамоии калонсолон 36 ҳолати фавт (1,1%) ба қайд гирифта шудааст.
Дар муқоиса бо 3 моҳи соли 2024 дар қисми бистаринамоии калонсолон фоизи иҷроиши нақша 149,3% ташкил намуда, 32 ҳолати фавт (1,2%) ба қайд гирифта шуда буд. Фоизи иҷроиши кори катҳо дар шуъбаҳои қисми бистаринамоии калонсолон қаноатбахш арзёбӣ мегардад.
Дар 3 моҳаи аввали соли 2025 фоизи иҷроиши нақшаи кори катҳо дар қисми таваллудхона 150,8% ташкил намуд. Дар 3 моҳи соли 2025 аз шумораи умумии зиндатаваллудшудагон (2556 нафар), 384(15%) нафарашон ба деҳотиён ва 2172 (85%) нафар ба шаҳр рост меояд. Валодати физиологӣ дар 2494 (97,5%) нафар зан вомехурад. Таваллуди хонагӣ дар 13(0,5%) ҳолат ба қайд гирифта шудааст. Ҳамзамон дар 3 моҳи соли 2025 фавти перинаталӣ дар 35 ҳолат (13,7%0) ба қайд гирифта шудааст, ки аз он расид – 13 ва норасид – 22 нафар мебошанд. Мурдатаваллудшудагон – 16(7,8%0) ҳолат, ки аз онҳо расид – 10 ва норасид – 6 нафар. Фавти неонаталии бармаҳал – 19(7,4%0) нафар мебошанд (3 –расид ва 16 – норасид).
Дар муқоиса нишондоди фавти перинаталӣ дар 3 моҳи соли 2024 фавти перинаталӣ дар 33 ҳолат (12,3%0) ба қайд гирифта шуда буд, ки аз он расид – 14 ва норасид – 19 нафарро ташкил намуда буданд. Мурдатаваллудшудагон – 18(6,7%), антенаталӣ 18 (6,7%) нафарро ташкил намуданд. Фавти неонаталии бармаҳал бошад – 15 нафар буда, аз онҳо 4 нафарашон расида ва 11 нафарашон норасидро ташкил доданд.
Буриши қайсарӣ дар 3 моҳи соли 2025 ба 295 нафар (11,4%)-ро ташкил намуд. Ин нишондод дар 3 моҳи соли 2024 ба 349(13,0%) нафар баробар буд.
Таҳлили фаъолнокии ҷарроҳӣ, технологияи каминвазивӣ, аворизи баъдиҷарроҳӣ дар 3 моҳаи соли 2025 аз шумораи умумии ҷарроҳишудагон 2040 нафар, ҳамагӣ – 485 нафарашон ба таҳлилҳои патогистологӣ фаро гирифта шудаанд, ки ҳамагӣ 23,7%-ро ташкил менамояд. Ҷарроҳишудагон то 18 сола – 604 ва аз 18 боло – 1436 нафар мебошанд.
Фавти беморхонагӣ – 78 нафар буда, то 18 сола – 42 нафар ва аз 18 сола боло – 36 нафар мебошанд.
Шумораи ҷарроҳиҳо бо технологияи каминвазивӣ дар 3 моҳаи соли 2025 — 606 (41,3%)-ро ташкил медиҳад. Дар муқоиса ин нишондиханда дар соли 2023 ин нишондиҳанда ба 593(32,4%) баробар буд.
Шумораи умумии беҳисгардонии регионарӣ аз хачми умумии чаррохихои гузаронидашуда — 838 (60%) нафарро ташкил намуда, нисбат ба 3 моҳаи соли 2024 фарқият дида намешавад.
Шумораи умумии фавти баъдиҷарроҳӣ – 20 нафарро ташкил менамояд, ки то 18 сола – 12 нафар ва аз ё8 сола боло – 8 нафарро ташкил менамояд.
Шумораи умумии аворизи баъдиҷарроҳӣ дар 3 моҳаи соли 2025 — 6 ҳолатро ташкил медиҳад, ки то 18 сола – 2 нафар ва аз 18 сола боло – 4 нафар мебошанд. Нишондихандаи мазкур дар соли 3 моҳаи соли 2024 – 5 нафарро ташкил намуда буд.
Дар 3 моҳаи аввали соли 2025 эндопротезкунонӣ ба 33 наар гузаронида шудааст,ки нисбат ба 3 моҳаи соли 2024 (54нафар) кам гардидааст.
Дастовардҳо
Дар 3 моҳаи аввали соли 2025 — 11 навовариҳо дар самти табобати бемориҳои ҷарроҳӣ ба қайд гирифта шудааст. Ин навовариҳо аз ҷониби мутахассисони шуъбаи ҷарроҳии батн, ҷарроҳии асаб ва ҷарроҳии кўдакон ба назар мерасад.