Оғоз аз 13 то 21-уми апрел бо ташаббуси бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии “Тоҷикистон” инчунин зери сарпарастии Муассисаи “Муҳаммад бин Рошид ибни Мактум”-и Аморати Мутаҳидаи Араб дар Муассисаи давлатии маҷмааи тандурустии “Истиқлол” даври гузаронидани ҷароҳиҳои дил миёни кӯдакон ва наврасони гирифтори бемории нуқсони модарзодии дил ба таври ройгон сурат гирифт.
Иқдоми мазкур бо мақсади дастгирӣ ва кумак ба нафарони камбизоат рӯи даст гирифта шуда, баҳри баргузор намудани солимгардонии кӯдакону наврасони гирифтори бемории нуқсони модарзодии дил 30 нафар мутахассисони варзидаи соҳаи ҷарроҳии дилу рагҳои 6 кишвари ҷаҳон аз қабили Арабистони Саудӣ, Аморати Мутаҳидаи Араб, Ирландия, Баҳрайн ва Олмон барои гузарониданӣ амалиёти ҷарроҳӣ ҷалб шуда буданд. Инчунин дар рафти гузаронидани ҷарроҳиҳо миёни кӯдакону наврасони гирифтори бемории нуқсони модарзодии дил мутахассисони варзидаи тоҷик низ иштирок карданд.
Бояд зикр намуд, ки таи рӯзҳои гузаронидани ҷарроҳиҳо 100 нафар кӯдакону наврасони гирифтори бемории нуқсони модарзодии дил, ки зери хатар қарор доштанд дар сатҳи баланд ҷарроҳӣ карда шуданд.
Баъди анҷоми амалиёти ҷарроҳӣ бо иштироки намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандон ва масъулони идораву сохторҳои дахлдор ва бо ҳузури меҳмонони 6 кишвари хориҷ ҷамъомад сурат гирифт. Дар рафти чорабинӣ намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мутахассисони соҳаи ҷарроҳии дилу рагҳо, Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии “Тоҷикистон” Муассисаи “Муҳаммад бин Рошид ибни Мактум”-и Аморати Мутаҳидаи Араб вобаста ба ҳамкориҳо изҳорӣ қаноатмандӣ намуда, баҳри ташкили чунин иқдоми хайрхоҳона ва дастгирӣ намудани оилаҳои камбизоат, ки кӯдакони гирифтори бемориҳои нуқсони дили модарзодӣ доранд, изҳори сипос намуданд.
Намояндагони Муассисаи “Муҳаммад бин Рошид ибни Мактум”-и Аморати Мутаҳидаи Араб низ дар навбати худ ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қаноатмандӣ намуда, ҷиҳати дастгирӣ аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуданд.
Баъд аз ҷамъбасти чорабинии мазкур дар толори калони Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” ба кӯдаконе, ки амалиёти ҷарроҳиро аз сар гузарониданд туҳфаҳои хотирмон супорида шуд.